МУҶУН – АЗ БЕҲТАРИН ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ОБОДИ СУҒД
Аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ имрӯз деҳоти кишвар ҳам рушд меёбанду ҳам ободу зебо мегарданд. Муҷун аз ҷумлаи ҳамин ҷамоатҳои деҳот дар шимоли кишвар, дар ноҳияи Деваштич аст, ки бо ташаббускориҳои созандагии соҳибкоронаш сарсабзу зебо мешавад.
Абдусамад Маҷидов, раиси Ҷамоати деҳоти Муҷун, дар ҷараёни суҳбат бо як ҳисси қаноатмандию ифтихор аз дастовардҳои аҳли русто ҳарф зада, таъкид бар он дорад, ки бо чунин фарзандони бонангу номус, ватандорони асил– соҳибкорон дур нест он солҳо, ки деҳотро ба шаҳр табдил диҳем. Моҳи апрели соли равон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, аз ҷумла ба Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи мактаби нави ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва аз мушоҳидаҳояшон аз ободкориҳои ин деҳот ба соҳибкорони маҳаллӣ сипос гуфтаву самимона иброз доштанд, ки офарин ба заҳмати кашидаатон: деҳаро, воқеан ҳам, шаҳр кардед! Ҳоло хурду калони ҳамаи 10 деҳаи ҷамоат бо ифтихор аз ташрифи Сарвари давлат ва бо илҳом аз баҳои баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар талошанд, ки ба хотири пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишии диёри хеш иқдомҳои навро амалӣ созанд.
– Нуфуси аҳолии деҳоти Муҷун аз 33 ҳазор нафар гузаштааст ва сокинони деҳа мехоҳанд, ки корҳои ободониро анҷом диҳанд ва мо ба истиқболашон қарор мегирем,-мегӯяд Абдусамад Маҷидов, – масалан, ҷиҳати пешвози сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мо дар аввал тасмим доштем 55 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ бунёд созем, ҳоло бошад, аллакай, қисми зиёди онҳо сохта шудаанд. Омили асосии ҳама пешравиҳо ин, қабл аз ҳама, муттаҳидист, ки баръало ба чашм мерасад ва аҳли деҳ инро ба хубӣ дарк кардаанд. Маҳз ана ҳамин талошҳо буд, ки Ҷамоати деҳоти Муҷун соли 2020 беҳтарин деҳа дар вилояти Суғд эътироф гашта, ғолиби мусобиқаи вилоятӣ дониста шуд.
Шуғли асосии деҳоти Муҷун, картошкапарварӣ, боғдорӣ ва чорводорист. Дар мавсими имсола бо назардошти аҳамияти иқтисодии ин намуди сабзавот майдони онро наздик ба 800 гектар расонда, аз ҳар гектар то 300-350 сентнер ҳосил хоҳанд гирифт. Бо назардошти рушди соҳаи картошкапарварӣ солҳои наздик ин ҷо як-ду коргоҳи коркарди ниҳоии картошка дар назар аст.
– Мо метавонем даҳҳо боғи нав бунёд созем, фақат як мушкилӣ пеш меояд, ин ҳам норасоии оби полизӣ мебошад. Ҳоло дар деҳот 115 чоҳи амудӣ ҳаст, аммо бинобар зуд-зуд қатъшавии неруи барқ теъдоди муайяни онҳо аз фаъолият боз мемонад, бо вуҷуди ин мушкилӣ, ҳоло дар Ҷамоат ғаллакорӣ, сабзавот, боғдорӣ ва чорводорӣ дурнамои хуб доранд, – иброз медорад раиси Ҷамоат.
Имрӯз хурду калони Ҷамоати деҳоти Муҷун бо руҳияи созандагию бунёдкорӣ фориғ аз кор дар кӯчаву майдонҳои ободкардаашон бо аҳли оила қадамзанон аз сабзаву гулҳои шукуфони канори роҳ, шабгоҳон аз чароғҳои фурӯзони ҳар маҳалла ба ваҷд меоянд ва боз ишора ҳам мекунанд, ки шояд ягона деҳа дар вилояту ҷумҳурӣ бошад, ки дар кӯчаҳояш чароғакҳои раҳнамо насб шудааст.
– Рӯзе нест, ки ҷиҳати корҳои ободонӣ аз панҷ то даҳ нафарро бо пешниҳодҳо қабул накунам, – мегӯяд Абдусамад Маҷидов, – ҳама дарк кардаанд, ки ободии деҳ дар дасти худи мост!
Ҷовиди АШТӢ,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)