ХУҶАНД БА МАРКАЗИ ЧОРАБИНИҲОИ МАЪРИФАТӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

14 июл 2026, Сешанбе
4

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фарҳанги миллиро яке аз рукнҳои муҳими таҳкими бунёди маънавии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи мардум қарор додааст.
Муассисаҳои фарҳангу ҳунари вилоят ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ имрӯзҳо ба маркази воқеии чорабиниҳои муҳими фарҳангию маърифатӣ табдил ёфтаанд. Аҳли фарҳанги вилоят пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба фарҳанги қадима ва бою рангини миллатамон такя намуда, дар пешбурди фарҳанги ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии сокинон саҳм гузоранд. Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” имрӯз ба ҳар як фард имконият медиҳад, ки ба гузашта назар андозад, ояндаи дурахшони кишварро дарк намояд ва дар бунёди он саҳми созандае гузорад. Хусусан, сайёҳон, меҳмонон бо санъати миллии меъмории тоҷик кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, коркарди бадеии чӯбу санг, кошинкорӣ, ки дар толори намоишӣ ба таври васеъ истифода гардидаанд, шинос гардида, ба ҳунари волои ҳунармандону устоҳои чирадасти Тоҷикистон баҳои баланд медиҳанд. Кормандони Маҷмаа аз ҳар гӯшаи он дар ҳолати таҷлили чорабиниҳо самаранок истифода мебаранд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар назди муассиса бо ташаббуси Донишманд Қутбиддинов ансамбли эстрадӣ дар ҳайати 10 нафар фаъолият дорад.
Ансамбли фолклорӣ-этнографии “Бибиҳо”-и раёсати фарҳанги вилоят имрӯзҳо сертарадуданд. Роҳбари бадеии ансамбл, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева барномаи дастаи ҳунариашро аз суруду рақсу тарона, шеърхонӣ, лапару бадеҳаю латифаю зарофатгӯйиҳои мардумӣ, нақлу ривоятҳо, саҳначаҳои ҳаҷвӣ тартиб додааст. Намоиши “Панҷ зани афандӣ”-ро на танҳо сокинони вилоят, инчунин, ҳаводорони санъату мусиқии тоҷик дар шаҳрҳои Фарғонаю Марғелони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамошо намудаанд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, вусъати бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдатро аҳли фарҳанги вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморанд.


Фазлиддин ҒУЛОМОВ,
ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии Вазорати фарҳанг

Санаи нашр: 11.07.2026 №: 135