ПИРЯХҲО. НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ҲИФЗИ ИН САРВАТИ ТАБИӢ

14 июл 2026, Сешанбе
4


Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва ҳамкории байналмилалӣ барои Тоҷикистон афзалият дорад.
Эмомалӣ РАҲМОН


Дар сатҳи ҷаҳонӣ истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ (AI) дар самти ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии захираҳои об ба як таҷрибаи муҳим табдил ёфтааст. Давлатҳои пешқадам ба таври ҳамоҳанг бо сиёсати экологии миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ пайваста ин технологияҳоро истифода мебаранд. Масалан, Швейтсария, ки кишвари кӯҳӣ ва дорои пиряхҳои бузург мебошад, бо истифода аз сенсор, паҳпод (дрон) ва платформаҳои таҳлилии AI сатҳи обшавии пиряхҳоро пайгирӣ мекунад. Ин маълумот ба мақомоти давлатӣ ва муҳаққиқон имкон медиҳад, ки обшавии пиряхҳо ва таҳдидҳои эҳтимолиро дақиқ пешгӯйӣ кунанд ва чораҳои пешгирикунанда андешанд.
Дар Исландия системаҳое, ки бо AI фаъол мешаванд, барои пешгӯйии таъсири гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо ва идоракунии захираҳои об истифода мешаванд. Ин платформаҳо ба муҳаққиқон имкон медиҳанд, ки тағйирёбии солонаи пиряхҳоро бо дақиқии баланд таҳлил кунанд ва стратегияи мудиротиро мувофиқ ба тағйироти иқлим ба роҳ монанд. Дар Канада, моделҳои AI барои назорат ва идоракунии захираҳои барқароршавандаи об ва пешгирии селҳои табиӣ истифода мешаванд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ метавонад барои ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии экосистемаҳо нақши ҳалкунанда дошта бошад.
Мубодилаи таҷриба бо давлатҳои пешқадам барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо ва истифодаи барномаҳои мониторингӣ, таҳлилии AI ва сенсорҳои муосир метавонанд сатҳи ҳифзи пиряхҳоро баланд бардоранд. Таҷрибаи кишварҳои пешқадам нишон медиҳад, ки пайвасти технологияи иттилоотӣ бо сиёсати экологии миллӣ натиҷаи устувор медиҳад ва истифодаи захираҳои обро самаранок мекунад. Тоҷикистон метавонад ин таҷрибаро ба низоми миллии мониторинги пиряхҳо ва таҳлили маълумоти экологии худ ворид кунад, ки барои пешгирии таъсири манфии гармшавии глобалӣ ва обшавии пиряхҳо нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар Тоҷикистон низ ин таҷриба метавонад ба таври васеъ татбиқ гардад. Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои экологии давлатӣ метавонанд бо технологияҳои AI пайваст шаванд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки маълумот дақиқ ҷамъоварӣ ва захираҳои об самаранок истифода шаванд, инчунин, тадбирҳои пешгирӣ дар минтақаҳои хатарнок амалӣ гарданд. Илова бар ин, истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ барои омӯзиши олимон, таҳияи моделҳои пешгӯйӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ дар заминаи стандартҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меорад. Ин амалҳо барои ҳифзи пиряхҳо, нигоҳдории экосистемаҳо ва таъмини устувории экологӣ дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда доранд.
Дар фарҷом чанд пешниҳоде вобаста ба мавзуи болозикр дорам, ки баҳри беҳбудии кор дар ин самт мусоидат хоҳад кард:
1. Системаи мониторинги спутникӣ ва сенсорӣ – пайгирии сатҳи обшавии пиряхҳо дар вақти воқеӣ ва ошкор кардани минтақаҳои хатарнок.
2. Моделҳои пешгӯйии AI – таҳлили маълумоти иқлим ва пешгӯйии обшавии пиряхҳо ва хавфи сел.
3. Паҳподҳо барои мониторинг – истифодаи паҳподҳои баландпарвоз барои таҳлили масоҳат ва тағйироти пиряхҳо дар минтақаҳои душворгузар.
4. Платформаи иттилоотии ягонаи пиряхҳо – ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти сенсорҳо, спутникҳо ва мушоҳидаҳои маҳаллӣ дар як системаи ягона.
5. Системаи огоҳкунии пешакӣ – ифшои хатари сел ва пастшавии обанборҳо ба аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ бо истифодаи таҳлили AI.
6. Тадқиқоти экологии ҳамкорӣ бо олимони байналмилалӣ – ворид намудани таҷрибаи Швейтсария, Исландия ва Канада дар истифодаи технологияҳо барои ҳифзи пиряхҳо.
7. Тренинг ва омӯзиши олимон ва мутахассисон – омӯзиши кор бо технологияҳои AI ва сенсорҳо барои таҳлили тағйироти пиряхҳо ва идоракунии захираҳои об.
8. Барномаи оммавӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ – истифодаи платформаҳои рақамӣ барои ҷалби аҳолӣ дар мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо, таҳкими маърифати экологии мардум.


Умедҷон АМОНӢ,
барандаи ҷоизаи ИЖТ

Санаи нашр: 11.07.2026 №: 135