ТОБИСТОН. БОЗТОБИ ИСТИРОҲАТИ ХОНАНДАГОН ДАР ВМКБ
Тавре Аминҷон Мирзоқандов, сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иттилоъ дод, басти якуми фароғат дар истироҳатгоҳҳои тобистона барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, ки 22-юми июн шуруъ шуда буд, 3-юми июл ба охир расид.
Ба гуфтаи Аминҷон Мирзоқандов, соли таҳсили 2025 – 2026 истироҳатгоҳҳо ба мавсими таътили тобистона дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят хуб омода гардиданд. Дар басти якум ба фароғатгоҳҳои ҳудуди вилоят 340 нафар хонандагони болаёқат фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, аз ин шумора 50 нафар дар истироҳатгоҳҳои “Сағирдашт”-и ноҳияи Дарвоз, 60 нафар дар “Зинг”-и ноҳияи Ванҷ, 120 нафар дар “Саодат”-и ноҳияи Шуғнон ва 110 нафар дар “Шабдез”-и ноҳияи Роштқалъа фароғат карданд. Шароити будубош дар истироҳатгоҳҳои мазкур нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар шуда, хонандагон дар ин урдугоҳҳо дар баробари фароғат ба омӯзиши фанҳои алоҳида, машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои гуногун, ҳамзамон, ба дигар машғулиятҳои омӯзишӣ машғул гардиданд.
Истироҳатгоҳҳои тобистонаи хонандагон барои қабули даври дуюм омода буда, қабули хонандагон дар ҳамаи ин истироҳатгоҳҳои вилоят оғоз ёфт.
Тавре сардори раёсати маориф Аминҷон Мирзоқандов дар охир зикр кард, майдончаҳои солимгардонии назди марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ низ фаъолияти густурда доранд. Ҳоло ба майдончаҳои солимгардонӣ 1130 нафар хонанда ҷалб гардида, фарогирӣ ба фароғатгоҳҳову майдончаҳои солимгардонӣ то охири фасли тобистон идома хоҳад ёфт.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»
ВМКБ. 85 НАФАР БА ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” РОҲ ЁФТ
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" ҷамъбаст шуд. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо иштироки муовини раиси вилоят Муслима Авзалшо ва раиси ҳакамон, декани факултети Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов Манучеҳр Бурҳонов маросими қадрдонии ғолибон доир гашт.
Муслима Афзалшо иброз дошт, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, бо ибтикор ва сарпарастии Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин озмунҳо тамоми қишрҳои ҷомеа фаъолона иштирок намуда, малакаю маҳорати худро нишон медиҳанд. Аз ҷониби дигар ин Озмун барои ҳифз ва нигаҳдории фарҳанги асил ва бостонии миллати бузурги тоҷик заминаи мустаҳкам фароҳам меоварад.
Манучеҳр Бурҳонов зикр кард, ки соли равон довталабон бо тайёрии ҷиддӣ ба Озмун ҳозир шуда, ҳар як иштирокчӣ маҳорати баланди ҳунарӣ нишон дод.
Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” довталабон аз рӯйи 6 номинатсия иштирок намуда, 85 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Дар фазои тантанавӣ ғолибони даври вилоятӣ бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардонда шуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»
