МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

15 июл 2026, Чоршанбе
3


14-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Вазорати адлия дар толори барҳавои иншооти нав бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони мулоқотро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлия табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншоот-ро натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ маънидод намуданд. Таъкид гардид, ки мақомоти адлияи Тоҷикистон, дар баробари дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ, дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд.
Ба андешаи Сарвари давлат, бинои нави Вазорати адлия танҳо як иншооти маъмурӣ нест, балки ифодаи эҳтиром ба қонун, адолат ва пойдории истиқлоли миллӣ мебошад.
Аз кормандони мақомоти адлия талаб шуд, ки бо масъулияти боз ҳам баланд ва содиқонаву софдилона ба халқи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Пас аз анҷоми суханронӣ, миёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири адлия Музаффар Ашуриён ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор нишасти пурсишу посух доир гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Санаи нашр: 15.07.2026 №: 137