Қоҳир Расулзода ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба Давлати Қатар иброз намуд
14-уми июл Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Қатар дар робита ба даргузашти аълоҳазрат Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ иброз намуд.
Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, ки солҳои 1995 – 2013 Давлати Қатарро роҳбарӣ намудааст, 12-уми июли соли 2026, дар 74-солагӣ аз олам даргузашт.
Баррасии масоили рушди ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи нақлиёт
Дар шаҳри Теҳрон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода бо вазири роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳо доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми интиқоли мол тавассути масирҳои транзитии ду кишвар ва таъсиси маркази логистикӣ дар бандари Чобаҳор баррасӣ шуд.
БОХТАР
Таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда рисолати мост
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳти унвони “Таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Зикр шуд, ки таҳкими фарҳанги сулҳу таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандӣ муҳим мебошад.
Сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода дар мавзуи “Тоҷикистон пешоҳанги ташаббусҳои ҷаҳонии сулҳ, аҳамияти сиёсӣ ва иттилоотии “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036” маъруза кард. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, пешниҳодҳои кишвари мо дар самти таҳкими сулҳу субот ва ҳамгироии башарӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.
РӮШОН
Шарифхон Сафарзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд
Бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ба ноҳияи Рӯшон сафари корӣ анҷом дод.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, нахуст, дар деҳаи Вамд бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки муассиса барои 60 кӯдак ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ пурра анҷом меёбанд. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят аз дигар иншооти сохташаванда, аз ҷумла мактаби санъат, корхонаҳои саноатӣ, варзишгоҳи марказӣ, дидан карда, ба масъулон ҷиҳати суръатбахшии корҳо, сабзу хуррамгардонии атрофи иншоот ва ба тартиб даровардани инфрасохтори ноҳия супоришҳои мушаххас дод.
Оғози корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ дар ёдгории таърихии “Сайёд”
Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгории таърихии “Сайёд” корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносиро оғоз намуданд.
Ёдгории “Сайёд” марбут ба замони Кӯшониён буда, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон воқеъ аст. Таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир, ки то ҳол мавриди омӯзиши густурда қарор нагирифтааст, дар оянда имкон медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.
Дар «Чангоб» 220 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуд
Дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Чангоб»-и шаҳри Ҳисор чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Иброз гардид, ки дар басти дуюм 220 нафар кӯдакону наврасони ятим ва аз оилаҳои камбизоат аз ҳисоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истироҳат ҷалб гардиданд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди соҳаи маориф, тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва донишандӯзии кӯдакону ташаккули шахсияти онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, то онҳо дар оянда ҳамчун шахсони худшиносу ватандӯст ва мутахассисони соҳибмаърифат ба воя расида, дар рушди ҷомеа саҳми арзишманд гузоранд.
