БМТ. ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ НИЗОМИ СУҒУРТА
Чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2026 таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва бо иштироки роҳбарону намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ баргузор гардид.
Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ, хатарҳои геополитикиву тағйирёбии иқлим, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2026 мусбат арзёбӣ гардид ва низоми суғуртаи кишвар низ рушди устувори худро идома дод.
Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ҷиҳати идомаи ислоҳоти низоми суғурта як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд. Аз ҷумла, Стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 - 2030 ва нақшаи амалисозии он таҳия гардида, шакли намунавии полиси электронии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт тасдиқ шуд, инчунин ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти суғуртавӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардиданд.
Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ҷорӣ намудани суғуртаи исломӣ ва рушди механизмҳои идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ чораҳои амалӣ андешида бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони соҳа семинарҳои омӯзишии касбӣ оид ба татбиқи Стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ (СБҲМ-17) баргузор шуданд.
Дар идома сардори идораи назорати суғуртавӣ Бобурхон Бобоев оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 муфассал суханронӣ намуда, оид ба фарогирии суғуртавӣ дар кишвар, нишондиҳандаҳои асосӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои зарурӣ, мушкилоти мавҷуда дар низоми суғурта ва дурнамои рушди он маълумот дод.
Зимнан, таваҷҷуҳи роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои суғуртавӣ, сари вақт анҷом додани пардохтҳои суғуртавӣ, риояи меъёрҳои қобили қабул, ташаккули дурусти захираҳои суғуртавӣ, такмили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, рақамикунонии фаъолияти суғуртавӣ, густариши шабакаи филиалу намояндагиҳо ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ҷалб карда шуд.
Дар анҷом вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян гардида, ба ташкилотҳои суғуртавӣ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии онҳо, рушди минбаъдаи низоми суғурта, таҳкими устувории молиявӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
ТАБЪУ НАШР. ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД
Дар Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти унвони «Татбиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлол» мизи мудаввар баргузор гардид.
Директори Муассиса Зафари Шариф дар сухани ифтитоҳӣ, аз ҷумла гуфт, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи табъу нашр дар кишвари мо хеле рушд кард. Тайи ин муддат, аз ҷумла қонунгузории соҳа такмил ёфта, барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гаштанд. Ин имкон фароҳам овард заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои табъу нашр бамаротиб беҳтар гашта, фаъолияти соҳа ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардад.
Муҳаррири масъули маҷаллаи илмии «Паёми Китобхонаи миллӣ»-и Китобхонаи миллӣ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода зимни баррасии мавзуи «Вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ дар асоси қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» ёдовар шуда, «Хонаи китоби Тоҷикистон»-ро яке аз татбиқкунандагони асосии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ арзёбӣ кард.
Тавре таъкид шуд, тули соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин, ба масъалаи муаррифии китоби тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, мавқеъ пайдо кардан дар бозори ҷаҳонии китоб ва фарохтар намудани доираи тиҷорати он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар натиҷа, китобҳои ноширони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷоиза шуданд. Соли 2024 сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни XXI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шудани нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» ва дар номинатсияҳои гуногуни Озмуни мазкур соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидани дигар ноширони ватанӣ далели ин гуфтаҳост.
Дар охир, иштирокдорон нақши «Хонаи китоби Тоҷикистон»-ро дар бақайдгирии нашрияҳо, додани рақамҳои байналмилалӣ (ISBN, ISSN) ва ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмии тамоми китобу нашрияҳои чопшуда дар кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
З. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
