КОНИБОДОМ. ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲИСТ
Шаҳри Конибодом аз ҷумлаи шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон мебошад, ки бо таърихи ғанӣ, мероси фарҳангӣ ва ёдгориҳои нодири меъморӣ барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ имкониятҳои васеъ дорад. Маҳз ҳифз, тармим ва муаррифии ин мероси гаронбаҳо имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат ва мақомоти маҳаллӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳудуди шаҳри Конибодом 83 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо чор ёдгорӣ дорои аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ мебошад. Ба ин гурӯҳ мадрасаи Мирраҷаб-Додхоҳ, мадрасаи Ойим, манораи «Норчабой» ва мақбараи Лангари Бобо дохил мешаванд. Ин ёдгориҳо ҳамчун намунаҳои арзишманди таърихию меъморӣ гузаштаи пурифтихори шаҳрро таҷассум намуда, барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ аҳамияти калон доранд.
Яке аз марказҳои муҳими ҳифз ва муаррифии мероси таърихии шаҳр Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Конибодом мебошад, ки дар бинои мадрасаи Мирраҷаб-Додхоҳ ҷойгир аст. Ин ёдгории меъмории нимаи дуюми асри XVII (солҳои 1659 – 1660) бо ташаббуси ҳокими вақти шаҳр Мирраҷаб Додхоҳ бунёд гардидааст. Мадраса аз чор толор, айвон, манора ва 14 ҳуҷра иборат буда, дар гузашта то 100 нафар толибилм дар он ба таҳсил фаро гирифта мешуд.
Бо гузашти солҳо бино ба таъмири ҷиддӣ ниёз пайдо кард. Бо ташаббуси роҳбарияти шаҳр солҳои 1977 – 1983 он аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ тармим гардида, аз 7-уми декабри соли 1983 ҳамчун Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ фаъолияти худро оғоз намуд.
Имрӯз Осорхона дорои 6931 нигора буда, аз ин шумора 5244-тоаш ба фонди асосӣ ва 1687-тои дигар ба фонди ёрирасон мансуб мебошанд. Дар Осорхона 18 толори доимоамалкунанда фаъолият дорад, ки мавзуъҳои гуногуни таърих, табиат, ҳунарҳои мардумӣ, санъат, маориф, тиб, кишоварзӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолиятро фаро мегиранд. Ин толорҳо барои баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангии сокинон ва меҳмонон нақши муҳим мебозанд.
Осорхона ҳамасола меҳмонону сайёҳони зиёдеро аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Норвегия, Фаронса, Туркия, Лаҳистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия, қабул менамояд.
Имрӯз таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тақозо мекунад, ки имкониятҳои таърихию фарҳангӣ оқилона истифода шаванд. Масъулин бо дарки ин зарурат дар шаҳри Конибодом бо ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба такмили инфрасохтори сайёҳӣ ва муаррифии васеи мероси фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам сохтаанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
