КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ МИНБАРИ ҶАҲОНИИ ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ ОЯНДАИ УСТУВОРИ САЙЁРА

Дар замоне ки инсоният бо мушкилоти бесобиқаи экологӣ ва тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи об аз як масъалаи маҳаллӣ ба масъалаи стратегии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Имрӯз об на танҳо захираи табиӣ, балки унсури асосии амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ, тандурустии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароит баргузор гардидани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 –2028” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо намуда, Тоҷикистонро бори дигар ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои ҷаҳонии об муаррифӣ мекунад.
Имсол ман, ҳамчун намояндаи насли ҷавон, имкони иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”-ро пайдо намудам. Конфронс барои ман на танҳо як чорабинии сатҳи баланд, балки мактаби воқеии омӯзиш, табодули таҷриба ва ифодаи андешаҳои ҷавонон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин Конфронс ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар баррасии мушкилоти об нақши фаъол дошта бошанд ва садои онҳо дар назди коршиносон, олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ шунида шавад.
Олими машҳури фаронсавӣ Жак-Ив Кусто гуфта буд: «Мо арзиши обро танҳо вақте дарк мекунем, ки чашма хушк шавад». Ин сухан имрӯз аз ҳар вақти дигар бештар аҳамият дорад. Бисёр кишварҳо, аллакай, оқибатҳои норасоии обро эҳсос мекунанд. Хушкшавии дарёҳо, камшавии пиряхҳо ва афзоиши хушксолӣ нишон медиҳанд, ки идоракунии оқилонаи захираҳои обӣ ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.
Конфронси байналмилалии об танҳо як нишасти расмӣ нест. Моҳияти асосии он дар муттаҳид намудани неруҳои илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои дарёфти роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти об мебошад. Дар доираи ин Конфронс масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Барои мо – ҷавонон, аҳамияти Конфронс боз ҳам бештар аст, зеро маҳз насли ҷавон дар оянда масъули идоракунии захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувор хоҳад буд. Дар раванди Конфронс ҷавонон тавонистанд таҷрибаи кишварҳои гуногунро омӯзанд, лоиҳаҳои инноватсионии худро муаррифӣ намоянд ва шабакаҳои ҳамкориро густариш диҳанд.
Ҳамчун як ҷавони ташаббускор бовар дорам, ки мубориза барои ҳифзи об бояд аз сатҳи маҳаллӣ оғоз шавад. Ҳар як ҷавон метавонад дар сарфакорона истифода бурдани об, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиқи технологияҳои сабз саҳмгузор бошад. Ҷавонон бояд на танҳо иштирокчиёни чорабиниҳо, балки ташаббускорони воқеии тағйирот бошанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими Конфронси мазкур иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба чорабинӣ аҳамияти хоси сиёсӣ ва байналмилалӣ мебахшад. Барои мо – ҷавонон, имкони ҳузур дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ва шунидани суханронии Пешвои миллат таҷрибаи беназир ва мактаби воқеии омӯзиш буд.
Умедҷон АМОНӢ, унвонҷӯ
