ДУШАНБЕ
Баргузории Конференсияи байналмилалӣ вобаста ба нақши занон дар низоми адолати судӣ
Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Суди Олӣ таҳти унвони “Занон дар низоми адолати судӣ: муколама, рушд ва адолат” конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар он намояндагони судҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин, Беларус ва Федератсияи Россия иштирок намуда, оид ба рушди низоми адолат вобаста ба баробарии гендерӣ, рақамикунонии раванди мурофиаи судӣ ва таъсири он ба дастрасии адолати судӣ, таҳкими иқтидори занон-судяҳо дар ин самт ва баланд бардоштани эътимод ба адолати судӣ дар парвандаҳои марбут ба табъиз суханронӣ ва табодули таҷриба намуданд.
Мулоқоти Идибек Қаландар бо муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо
Дар шаҳри Брюссел, дар доираи Муколамаи 13-уми сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Идибек Қаландар бо муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо Олоф Скуг вохӯрд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории созандаи сиёсию амниятӣ, аз ҷумла раванди иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни нахустин саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин, дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намуданд.
Боздиди раиси вилояти Суғд аз корхонаи бофандагӣ
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи соҳаи саноати сабук, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз корхонаи бузурги бофандагӣ дар шаҳри Сянян боздид намуд.
Зимни мулоқот бо раиси шурои директорони ширкат Фан Сите, Раҷаб Аҳмадзода масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ кард.
Таъкид гардид, ки вилояти Суғд барои рушди ҳамкориҳо дар самти саноати сабук имкониятҳои васеъ дорад. Мавҷудияти захираҳои бойи ашёи хом, бахусус пахта, яке аз омилҳои муҳими ҷалби сармоягузорон ва ташкили истеҳсолоти муосири бофандагӣ мебошад.
