АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

17 июл 2026, Ҷумъа
7


ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Муносибатҳои байналмилалӣ таҳким меёбанд
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 Кумита ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди дипломатияи ҷавонон ва варзиш ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин давра бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ва бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, 60 санади ҳамкорӣ тарҳрезӣ ва бо ҳамтоёни хориҷӣ баррасӣ гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шаш адад зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Шабнам Раҳимзода, ҳамкорӣ бо зиёда аз 20 давлат ва 10 созмони байналмилалӣ густариш ёфтааст. Инчунин, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, як лоиҳаи байналмилалии консептуалӣ ба маблағи 3 миллиону 440 ҳазору 850 доллари ИМА ба Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) пешниҳод шудааст, ки ин тадбир дар маҷмуъ, ба боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.


Руҳафзо МУРОДОВА


Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ
ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТ
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Дар ин хусус Ҳаким Исмоилзод, муовини якуми директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гашт, ки бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид барои дастгирӣ ва рушди ширкатҳои соҳавии технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе IT-Парк фаъолият дорад, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ 84 субъект (резидент) дар он ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ, рушди низоми ҳукумати электронӣ портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj) ҷорӣ гардид. Дар доираи портали мазкур, айни замон 116 хидматрасонии 16 мақомоти давлатӣ дастрас мебошад. Дар ин давра 976644 нафар бо назардошти нафақагирон аз айнияткунонӣ гузашта, 62096 муроҷиат барои гирифтани хидматрасониҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ
ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ БА МАБЛАҒИ 1,7 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Ҳайдаралӣ Раҷабзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, зимни нишасти хабарӣ баён дошт, ки дар шаш моҳи соли равон ҳангоми санҷишҳои нақшавӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ ошкор гардид.
Аз тарафи Хадамот 209 нархномаи хидматрасониҳои пулакии муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 13 муассисаи тиббӣ ва 103 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмӣ, 93 нархномаи хидматрасониҳои пулакӣ дар дигар соҳаҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, нархномаҳо мувофиқа шуданд.
Ҳайдаралӣ Раҷабзода вобаста ба суоли хабарнигори рӯзнома дар бораи нархи семент чунин гуфт:
– Аз нимаи дуюми моҳи майи соли равон баландшавии нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ мушоҳида гардид. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми май Хадамот оид ба гузарондани мониторинги бозори истеъмол ва фурӯши семент гурӯҳи корӣ таъсис дод. Ҳоло нархи як халта семент дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 54-60 ва дар баъзе ҳолатҳо бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл то 65 ва дар шаҳри Душанбе 54-60 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар вилоятҳои Суғд нархи як халта семент 60-65 ва Хатлон 54-63 сомонӣ арзиш дорад.
Кароматулло АТО


ДМТ
Нуфузи байналмилалии Донишгоҳ боло меравад
Дар шаш моҳи соли равон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба радабандии ҷадиди ширкати Таҳсилоти олии Таймз ворид гардида, миёни 1646 муассисаи таҳсилоти олии бонуфузи дунё мақоми намоёнро соҳиб гардид. Дар ин радабандӣ фаъолияти Донишгоҳ аз рӯйи 17 ҳадафи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ шуда, баҳои баландро сазовор шуд.
Дар ин хусус Эмомалӣ Насриддинзода, ректори Донишгоҳ, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Дар ин давра Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назаррас дошт. Марказ асари «Пешвои миллат ва рушди давлатдории миллӣ»-ро дар ду қисм омода намуд. Китоб нақши беназири Пешвои миллатро дар рушди давлатдории миллӣ дар давраҳои гуногун баён менамояд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ

Санаи нашр: 17.07.2026 №: 140