БА ОЗМУНИ «ҶУМҲУРИЯТ»

20 июл 2026, Душанбе
9


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ ИСТИҚРОРИ СУЛҲ ТО САОДАТИ МИЛЛӢ
Миллати тоҷик дарозои асрҳо ҳодисаву воқеаҳои гуногунро паси сар намуда, ахиран дар интиҳои қарни XX ва ибтидои қарни XXI – 9-уми сентябри соли 1991 ба орзуи деринаи худ – соҳибистиқлолӣ расид, аммо баъди соле ба гирдоби воқеаҳои даҳшатбор рӯ ба рӯ шуд. Кишвар ба тори ҷанги таҳмилӣ печид ва даҳшати парокандашавӣ ба миён омад. Ҷанг боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафоти бузурги молӣ, касодии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардида, поя ва асосҳои давлатдориро фалаҷ кард.
Дар чунин шароити душвор вакилони мардумӣ масъулияти бузургеро ба дӯш гирифта, 16 - уми ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳумро баргузор намуданд. Чашми умеди ҳама ба натиҷаҳои Иҷлосияи тақдирсоз нигаронда шуда буд, зеро ин охирин имконияте ба шумор мерафт, ки Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти худро дар назди таърих ва халқу Ватан ба ҷо оварда, хатари парокандашавии миллат ва давлатро аз байн бардоранд.
Маҳз дар Иҷлосияи мазкур Ҳукумати қонунӣ бо роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гашт ва ба фаъолияти хеш оғоз бахшид.
Хушбахтона, Шурои Олӣ бо интихоби Роҳбари ҷавони дилсӯз ва ботадбиру оянданигар дар симои Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихиашро муваффақона иҷро кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нав ба мансаби баланди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буданд, масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо карда, дар суханронии нахустин таъкид намуданд: «Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем, то охирин тоҷики гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро осуда ҳис намекунам. Ман ба шумо сулҳ меоварам».
Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиашон моҳи декабри соли 1992 дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи заҳматкашам бовар дорам».
Дар сарзамини тоҷикон сулҳ пойдор гардид, ваҳдату дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ҳукмрон шуд, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат афзуд. Тоҷикистонро чун кишвари сулҳофару сулҳдӯст оламиён шинохтанд.
Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон, ки асосгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар арсаи ҷаҳон ба сифати як дастури корӣ хидмат мекунад.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст.
Дар доираи пешниҳоди навбатии байналмилалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул гардид. Он дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25-уми июни соли 2026 пазируфта шуд. Қабули Қатънома дубора ба оламиён собит намуд, ки Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ва ҳама вақт ҷонибдори сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ ва барқарории адолату саодати насли башар ҳастанд.
Тавассути Қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадориҳои муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳими таъмини некуаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Халқи тоҷик, ки даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондааст, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасад ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Мо, насли калонсол, узви ташкилоти собиқадорон, ташаббусҳои олиҳимматона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, дар байни ҷавонон дар маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту суҳбатҳои судманд оид ба сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир менамоем.


Шавкат АЛИЕВ, муовини раиси Шурои собиқадорони вилояти Суғд,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Санаи нашр: 20.07.2026 №: 141