БМТ. ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ НИЗОМИ БОНКӢ БАРРАСӢ ШУД
Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, муовинони раис Сироҷиддин Икромӣ, Гулбаҳор Назирӣ, Далер Муродализода ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ иштирок доштанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2026 аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, инчунин, дар асоси “Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва давраи миёнамуҳлат” роҳандозӣ кардааст.
Зикр шуд, ки сарфи назар аз идомаи номуайяниҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва хавфҳои геоиқтисодӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати иқтисодии пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои амалигардидаи Бонки миллии Тоҷикистон суботи низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2026 нигоҳ дошта шуда, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти соҳа тамоюли мусбатро идома доданд.
Дар рафти ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ, раванди иҷрои стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои солҳои 2022-2026, суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 рӯнамоҳои таҳлилӣ пешниҳод намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо ба роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати иҷрои пурраи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, таҳкими низоми идоракунии хавфҳо, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, такмили низоми амнияти иттилоотӣ ва киберӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ ва пасандозҳо, паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода низ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар татбиқи самараноки сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумат нақши низоми бонкӣ муҳим арзёбӣ гардида, он дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ташаккули бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, саҳми беандоза дорад.
Фирдавс Толибзода аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ даъват ба амал овард, ки рушди муттасили фаъолияти ташкилоти худро таъмин намоянд. Инчунин, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои бар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба миёнгузошташуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ бидиҳанд. Дар таъмини иҷрои саривақтии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 тадбирҳои муассир андешанд ва суботи низоми молиявӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, таъмини амнияти молиявӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
