САНГВОР. БАРДОШТ АЗ МАКТАБЕ, КИ МАКОНИ МЕҲР АСТ
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманд, бавижа кӯдакони ятиму бепарастор, дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор” яке аз маконҳои меҳру умеде мебошад, ки 102 кӯдакро дар оғӯши худ мепарварад. Тавре директори Муассисаи мазкур Ёқуб Саидов зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ин Муассиса на танҳо ҷойи таҳсил, балки хонаи умедест, ки дар он кӯдакон бо меҳру ғамхории падарона фаро гирифта шудаанд.
Дар Муассиса тарбиятгирандагон аз тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Сангвор ва берун аз он– аз шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил мекунанд ва шароити будубошу онҳо зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Дар бинои таълимии он 7 кабинети фаннӣ, аз ҷумла лингафонӣ, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва омодагии мудофиаи ҳарбӣ бо тамоми шароити муосир таҷҳизонда шудаанд. Барои духтарон ва писарон биноҳои алоҳидаи хобгоҳҳо мавҷуд буда, дар бинои ошхона хонандагон 4 вақт бо хӯроки гарм таъмин мешаванд.
Вазъи таълиму тарбия дар Муассиса хеле хуб ба роҳ монда шуда, дар он 22 нафар мураббӣ ва омӯзгори варзида фаъолият мекунанд. Тарбиятгирандагон дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ ва озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона меварзанд. Имсол дар даври ноҳиявии олимпиадаи мактаббачагон 55 нафар шогирди ин боргоҳи умед иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён шуданд. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” 4 нафар ба даври минтақавӣ ва 2 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Дар фонди китобхонаи мактаб-интернат 5519 китоби бадеӣ мавҷуд буда, хонандагон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
– Сарпарасти Муассиса Палатаи ҳисоб мебошад. Илова бар ин, фонди хайриявии “Музаффар”, ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” ва чанде аз соҳибкорони маҳаллӣ бо мо ҳамкорӣ намуда, дар пешбурди фаъолияти Муассиса пайваста ёрӣ мерасонанд, – баён дошт директори Мактаб-интернат.
Ба гуфтаи ӯ, болопӯши як бинои Муассиса, аллакай, иваз карда шуда, масъулин саъй доранд, ки бо дастгирии роҳбарияти ноҳия, сарпараст, ташкилотҳои ҳамкор ва шахсони саховатпеша болопӯши биноҳои дигарро низ иваз намоянд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
