АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21 июл 2026, Сешанбе
4

НОҲИЯИ СИНО
10 КОРХОНАИ САНОАТӢ БО ТАЪСИСИ ҚАРИБ 700 ҶОЙИ КОР БУНЁД МЕГАРДАД

Соли равон дар ноҳияи Сино бунёди 10 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси қариб 700 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Умед Гуреззода, раиси ноҳия, гуфт, ки ҳоло 332 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият намуда, дар онҳо истеҳсоли 83 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Моҳҳои январ – июни соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба соли рафта 362,2 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ таъсиси ҷойҳои кори нав, иловагӣ ва барқароршуда, 8468 воҳидро ташкил дод, аз ҷумла дар корхонаю ташкилот 7212 ва аз тарафи шахсони воқеӣ 1256 ҷойи кор ташкил гардид.
Ба таъкиди Умед Гуреззода, дар натиҷаи гузарондани рейдҳои муштарак дар соҳаи танзим 25 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки назар ба соли гузашта 11-то афзудааст. Аксари қонуншиканҳо соҳибкорон буда, парвандаҳо барои баррасӣ ба мақомоти судӣ пешниҳод шудаанд.


Кароматулло АТО


МТС
Ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа ёфтанд


Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории самарабахшро бо муассисаҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии кишварҳои хориҷӣ густариш дода, таҷрибаи таҳлилӣ ва коршиносии кормандони худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Ин матлабро Хайриддин Усмонзода, директори Марказ, зимни нишасти матбуотӣ дар иртибот ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи МТС баён дошт. Тибқи иттилои ӯ, Маркази тадқиқоти стратегӣ бо мақсади таҳлили масъалаҳои муҳими рушди ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон 3 конфронси илмию амалӣ, 2 форум ва 9 мизи гирд баргузор намуда, бо марказҳои таҳқиқотии Россия, Чин, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Корея ва Иттиҳоди Аврупо доираи васеи ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.


Муҳаммадамин ОДИНАЕВ


АМОНАТБОНК
Дороиҳо ба 13 миллиард сомонӣ расид


Амонатбонк дар нимсолаи якуми соли 2026 таваҷҷуҳи асосиро ба таҳкими иқтидори молиявӣ, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хидматрасониҳои муосири бонкӣ равона намуд.
Ба ҳолати 30-юми июни соли равон дороиҳои он ба 13 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз зиёд мебошад.
Фоидаи софи Амонатбонк дар давраи ҳисоботӣ 100 миллион сомониро ташкил дод ва ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш 30 дарсад бештар аст ва бояд гуфт, ки нақшаи пешбинишуда барзиёд таъмин гардид.
– Бонк ба буҷети давлатӣ 68 миллион сомонӣ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро аз рӯйи фаъолияти худ ворид намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи якуми соли 2025-ум 9,4 дарсад зиёд мебошад, – гуфт Алиҷон Салимзода, раиси раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” зимни нишасти матбуотӣ.
Дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ аз ҳисоби хатҳои қарзии ҶС «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Бонки давлатии рушди Чин ба 21 ширкати ватанӣ дар маҷмуъ, 39,5 миллион доллари ИМА ва 5,9 миллион юани чинӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод гардиданд.
Бо мақсади дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорӣ, меъёри фоизи як қатор маҳсулоти қарзӣ паст карда шуд. Аз ҷумла, меъёри қарзҳо барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 18 ба 16 ва барои соҳаи саноат аз 18 ба 15 фоиз коҳиш дода шуд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА

Санаи нашр: 21.07.2026 №: 142