ВОРУХ. МАҲФИЛИ АДИБОН НАМУНАИ ИБРАТ АСТ!

21 июл 2026, Сешанбе
12


Дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара нишасти 240-уми маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» баргузор шуд, ки намояндагони доираҳои илму адаб ва фарҳангро аз Душанбе, Хуҷанд ва Исфара гирди ҳам овард.
Саидумрон Саидов, роҳбари маҳфили «Ганҷи сухан», зимни ифтитоҳи нишаст аз ҷойгоҳи маҳфил дар муаррифии мероси адабӣ, таҳкими робитаи аҳли илму фарҳанг ва тарғиби арзишҳои миллӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои густариши худшиносии миллӣ муҳим аст.
Дар идома намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мухтор Абдулло, муовини раиси шаҳри Исфара Суруриддин Зиёваддинзода ва намояндаи Иттифоқи нависандагон Нозир Ёдгорӣ аз нақши маҳфилҳои адабӣ дар рушди фарҳанг, тарбияи маънавии ҷавонон ва таҳкими ваҳдати миллӣ сухан гуфтанд.
Дар бахши илмии маҳфил чанд маърузаи пажӯҳишӣ пешниҳод шуд. Аз ҷумла, профессор Матлубаи Мирзоюнус ҷойгоҳи адабии Робиаи Балхиро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик таҳлил намуда, ба арзиши мероси эҷодии ӯ дар бозтоби ғояҳои инсонгароӣ ва мақоми зан таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳафиз Раҳмон бошад, зимни маъруза дар мавзуи арзишҳои умумибашарии «Шоҳнома» таъкид намуд, ки ғояҳои адолатпарварӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоии ин шоҳасар имрӯз низ аҳамияти тарбиявии худро аз даст надодаанд.
Ба китобхонаи Ҷамоати деҳоти Ворух аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маҷмуи китобҳои тозанашр тақдим гардида, олимон, адибон ва ташкилкунандагони ҳамоиш бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.07.2026 №: 142