ҲАМҚАДАМУ ҲАМНАВОИ МИЛЛАТ
Хабар ёфтем, ки нашрияи «Ҳақиқати Суғд» барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод гардидааст. Бо дарназардошти таърихи пуршарафи қариб якасра, саҳми арзанда дар рушди журналистикаи тоҷик, тарбияи садҳо рӯзноманигору адибон, хизматҳои мондагор дар ҳифзи забони давлатӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, нақши муассир дар таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, дастовардҳои назарраси касбии солҳои охир метавон бо итминони комил гуфт, ки нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба ҳамаи меъёрҳои Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷавобгӯ мебошад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи рушди устувор, давлатдории миллӣ ва ҷомеаи иттилоотиро пеш гирифтааст, нақши воситаҳои ахбори омма, бахусус нашрияҳои дорои таҷрибаи ғанӣ, беш аз ҳар вақти дигар муҳим мебошад. Дар таърихи ҳар миллат расонаҳое ҳастанд, ки дар баробари вазифаи иттилоърасонӣ, рисолати бузурги таърихсозӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии ҷомеаро ба зимма мегиранд. Дар миёни чунин расонаҳои бонуфуз нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – «Ҳақиқати Суғд» ҷойгоҳи хосса дорад.
Нахустин шумораи «Ҳақиқати Суғд» бо номи “Роҳи колхозчӣ” 25-уми марти соли 1930 рӯйи чоп омад. Дар тули фаъолият рӯзнома вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо номҳои «Колхозчӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ», «Ҳақиқати Ленинобод» ва аз соли 2008 бо номи «Ҳақиқати Суғд» нашр шудаву мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рисолати иҷтимоии «Ҳақиқати Суғд» муҳимтар гардид. Яке аз саҳифаҳои дурахшони фаъолияти он иштироки фаъолонаи ҳайати эҷодӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мебошад. Дар он рӯзҳои сарнавиштсоз рӯзноманигорони нашрия шабонарӯзӣ заҳмат кашида, муҳтавои Иҷлосияро фавран омода намуда, ба мардум ва вакилон мерасонданд. Ин хизмати содиқона танҳо фаъолияти касбӣ набуда, балки саҳми воқеӣ дар таҳкими сулҳ, давлатдорӣ ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Дар тули фаъолияти худ «Ҳақиқати Суғд» ба маънои том солномаи вилояти Суғд гардидааст. Дар саҳифаҳои он муҳимтарин воқеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фаъолияти олимону омӯзгорон, табибон, деҳқонон, соҳибкорон ва аҳли фарҳанг бозтоби воқеӣ ёфтаанд. Аз ҳамин ҷиҳат рӯзнома имрӯз барои муҳаққиқон, таърихшиносон ва рӯзноманигорон сарчашмаи боэътимоди омӯзиши таърихи муосири Тоҷикистон, махсусан вилояти Суғд, ба ҳисоб меравад.
Яке аз хизматҳои бузурги нашрия саҳми он дар ҳифзи забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар саҳифаҳои он беҳтарин намунаҳои публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ, очеркҳо ва навиштаҳои олимону адибон мунтазам нашр гардида, дар тарбияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги тоҷикон нақши муассир гузоштаанд. «Ҳақиқати Суғд» ҳамеша минбари таблиғи арзишҳои миллӣ, ваҳдат, сулҳ, фарҳанги таҳаммулгароӣ ва ватандӯстӣ буда, барои таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмати арзанда кардааст.
Қадршиносии «Ҳақиқати Суғд» танҳо қадршиносии як рӯзнома набуда, арҷгузорӣ ба мактаби бузурги журналистикаи тоҷик, ба заҳмати чандин насли аҳли қалам, ба ҳифзи ҳақиқат, фарҳанг ва худшиносии миллӣ, ба хизматҳои содиқона дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Бешак, ин нашрия бо фаъолияти таърихӣ, эътибори баланди касбӣ ва рисолати ватандӯстонаи худ сазовори он аст, ки номи академик Бобоҷон Ғафуров – рамзи илму маърифат, худшиносӣ ва худогоҳии тоҷиконро бо ифтихор ҳамроҳ дошта бошад.
Сангин ГУЛЗОД,
Мутриба БОБОҶОН,
номзадҳои илмҳои филология
