КИШВАРИ АМН

23 июл 2026, Панҷшанбе
4

Дар кишвари мо кафолати инсон аст,
Озодии фикру сухану виҷдон аст.


Воло зи ҳама арзишу ҳаққи ҳама кас,
Амнияту сулҳу ҳурмати паймон аст.


Сарвар, ки бишуд кафили қадри ҳар фард,
Беҳбуди ҳаёт ҳиммати султон аст.


Фарҳанги ниё бигашта эҳё аз нав
Ташвиқи ҳунар, рушди фану ирфон аст.


Дорем забони миллию поси русум,
Ақлу хираду лутфу фару эҳсон аст.


Фахрем зи ҳувияти миллӣ барҳақ,
Шаъну шарафу зиндагии шоён аст.


Аз тиббу риёзӣ як тамаддун дорем,
Аз илми нуҷуми мо ҷаҳон ҳайрон аст.


Иршоди ҳаёт беҳ шуда, беш зи пеш,
Аз меҳнату ранҷ ризқ садчандон аст.


Мерос зи аҷдоди Аҷам илм бувад,
Фарҳанги башар зи фазли Ориён аст.


Шаъну шарафи кас шуда беҳин арзиш,
Ҳар кас, ки биёмӯхт, варо имкон аст.


Ҳар шаҳри Ватан маркази илму фарҳанг,
Меҳмон ҳама хуш, хуштар аз ӯ мизбон аст.


Кишвар ҳама бӯстони ободию рушд,
Ҳар хона ба хони неъмати алвон аст.


Тавъам шуда ҳизбу дину ҳам миллату халқ,
Ин дӯстӣ аз таҳти дилу аз ҷон аст.


Эълон шуда даҳсолаи таҳкими сулҳ,
Иқдоми чунин бузург аз шоҳон аст.


Фарҳанги ҳуқуқ қадри абнои башар,
Фардои Ватан мунаввар аз алъон аст.


Нафъи ҳама шахс қадри назму қонун,
Имкон ба ҳама посухи ҳар армон аст.


Сарсабзии ҳар ҷавоне аз истиқлол,
Эмин ҳама кас зи амни ин даврон аст.


Бин, шаҳри Душанбе ҳама гул-гул бишукуфт,
Дар сайр ҳама ба боғу дар бустон аст.


Беҳин шуда вазъи аҳли пирони хирад,
Шодию нишоти тифлакон чандон аст.


Дар ҳифзи Ватан саъйи Ниҳонист зи сидқ,
Чун ҳифзи Ватан қарзи абармардон аст.

Санаи нашр: 23.07.2026 №: 144