АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Прокуратураи генералӣ
Сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат 10,3 фоиз коҳиш ёфт
– Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ 10,3 фоиз коҳиш ёфт, чунин тамоюл дар шаш соли охир бори нахуст ба қайд гирифта шуд, – гуфт Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.
Таъкид гардид, ки дар ин давра, пеш аз ҳама, шумораи як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла роҳзанӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, тамаъҷӯйӣ, авбошӣ, таҷовуз ба номус, савдои одамон коҳиш ёфтанд. Аз ҷумла, дар мамлакат 576 ҷинояти дорои хусусияти экстремистию террористӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 ҳолат кам мебошад.
Ҳамзамон, афзоиши ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда, ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ аз масъалаҳои ташвишовар арзёбӣ гардиданд.
Сайфиддин СУННАТӢ
ВКД
Дар шаш моҳ беш аз 11 ҳазор ҷиноят сабт шуд
Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи субъектҳои ба қайд ва ба ҳисобгирӣ 11 ҳазору 731 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш коҳиш ёфта, сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 71 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 405 ва аз ҷониби ҷавонон 1659 ҷиноят содир гашт. Дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 7842 парванда барои баррасӣ ба суд ирсол гардид. Ҳамзамон, вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 606 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи таҳкими ҳамкорӣ бо аҳолӣ 292 силоҳи оташфишон ва зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2 тоннаву 963 килограмм воситаи нашъадор аз гардиши ғайриқонунӣ дарёфт ва мусодира шуданд.
Муҳаммадамин ОДИНАЕВ
КОРРУПСИЯ
Ошкоршавии 1321 ҷинояти коррупсионӣ
Дар нимсолаи якуми соли 2026 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ, 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 449 миллион сомонӣ ба манфиати давлат, корхонаҳо ва шаҳрвандон барқарор карда шуд. Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра мутахассисони агентӣ 286 тафтишу санҷиш гузаронда, 315,9 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Аз ин маблағ то имрӯз 292,2 миллион сомонӣ барқарор гардидааст. Ҳамчунин, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намуданд.
Бо мақсади роҳандозии муқовимати низомнок ба омилу кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон, дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 840 вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ
АГЕНТИИ ОМОР
Рушди иқтисоди Тоҷикистон устувор аст
Дар нимсолаи аввали соли 2026 рушди иқтисоди ҷумҳурӣ натиҷаи мусбат нишон дод, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 33,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 28,8 миллиард сомониро ташкил кард, афзоиш 7,2 фоиз боло рафт.
Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омор, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар ин давра ба иқтисоди кишвар 14,1 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ ҷалб шуда, гардиши савдои чакана ва яклухт ба 43,6 миллиард сомонӣ расид. Хидматрасониҳои пулакӣ 10,6 фоиз афзуданд.
Гардиши савдои хориҷии кишвар ба 6,82 миллиард доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли рафта 44,2 фоиз зиёд аст. Музди миёнаи меҳнат дар моҳи май 3304 сомониро ташкил намуд, афзоиш 19,6 фоиз шуд, ки гувоҳ аз рушди устувори иқтисодиёт аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ҚАРЗ АЗ ПАРДОХТИ НАФАҚА ВУҶУД НАДОРАД
– Давоми шаш моҳи соли равон қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 974,3 миллион сомониро ташкил кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 241,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, маблағгузории пардохти нафақа 198,4 миллион сомонӣ афзуда, ба 2 миллиарду 684,1 миллион сомонӣ баробар гардид. Ҳоло дар ҷумҳурӣ қарз аз пардохти нафақа вуҷуд надорад, – тазаккур дод Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи маълумоти пешакӣ, дар маҷмуъ, 267,6 миллион сомониро ташкил кард. Аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкории судманд бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барномаи «Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон» таҳия шуда, аз моҳи августи соли 2025 пардохти нафақа ба таври мутамарказ тавассути Амонатбонк пурра амалӣ гардид.
Ба маълумоти Агентӣ шумораи умумии нафақахӯрон то якуми июли соли равон ба 876990 кас расид, ки аз он 170757 нафараш маъюб мебошад.
Кароматулло АТО
Санаи нашр: 23.07.2026 №: 144