СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

24 июл 2026, Ҷумъа
2


24-уми июл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона табрик гуфтанд. Дар ин замина, қадамҳои устувори Ӯзбекистони бародар дар роҳи рушду пешрафт ва таҳкими пайвастаи обрӯву эътибори байналмилалии он таъкид гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Пешвои миллат аз азми қатъии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар руҳияи анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ёдовар шуданд.
Сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷадвали вохӯриҳо ва тамосҳои дарпешистодаро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд. Оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб низ табодули афкор сурат гирифт.

Санаи нашр: 24.07.2026 №: 145