ДУШАНБЕ. АЗ ШАҲРИ СУЛҲ ТО ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
![]()
Дар ҳама давру замон пойтахт нишони давлатдорӣ, тамаддун, фарҳанг, истиқлолу соҳибихтиёрӣ маҳсуб меёбад. Пойтахт инъикосгари тавон ва ҳунару фарҳанги ҳар як миллат буда, имконият ва симои ӯро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Пойтахт, дар маҷмуъ, дирӯз, имрӯз ва фардои миллату давлатдории онро ба таври мушаххас инъикос менамояд.
ДУШАНБЕ – НИШОНИ МУТАМАДДИН БУДАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ имкон фароҳам оварданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ симои аслии тоҷиконро ҳамчун меросбари шоистаи тамаддуни ориёӣ эътироф намоянд. Тавассути бунёди шаҳрҳо ва марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дар муддати кӯтоҳи истиқлоли давлатӣ бори дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ пай бурд, ки тоҷикон миллати мутамаддин ва шаҳрсозу шаҳрнишин мебошанд. Махсусан, пойтахти давлати навини тоҷикон – шаҳри Душанбе, ки дар муддати кӯтоҳтарин симояшро пурра дигар намуд, далели раднопазири миллати мутамаддин ва шаҳрсозу шаҳрнишин будани тоҷикон мебошад.
РУШДИ ДУШАНБЕ ДАР ПАРТАВИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар партави ваҳдати миллӣ Душанбе ба шаҳри сулҳу субот мубаддал гардид. Ҳамин буд, ки бо қарори ЮНЕСКО моҳи августи соли 2004 барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳамарӯза Душанбе дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Ҷоизаи дараҷаи якуми «Шаҳри сулҳ» барои солҳои 2002 – 2003 сазовор гардид. Ҳамчунин, суботи сиёсӣ ва сулҳи пойдори пойтахти кишварро ба эътибор гирифта, соли 2012 Душанбе ба Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО сазовор шуд ва ба феҳристи беҳтарин шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон ворид гардид.
Шаҳри Душанбе соли 2016 миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳон, ба монанди Рим, Афина, Ашқобод, Боку ва Бишкек, дар озмуни ҷаҳонӣ ба Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди Роҳи Абрешим сазовор дониста шуд.
Имрӯзҳо ҳазорон шаҳрванди хориҷӣ ба Душанбе омада, аз зебоӣ ва таҳаввулоти он баҳравар мешаванд. Дар муддати хеле кӯтоҳ рушд намудани шаҳри Душанбе гувоҳи тавонмандии миллати тоҷик дар масири шаҳрсозӣ ва марказҳои мутамаддин мебошад. Махсусан, дар замони шаҳрдории раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар куллан симояшро тағйир дода, ба маркази имкониятҳо табдил ёфтааст. Бо ташаббуси шаҳрдори муваффақу хирадманд Душанбе ба хонаи умеду орзуи тамоми тоҷикони ҷаҳон мубаддал гардид. Дар Душанбе калонтарин биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва фарҳангӣ бо истифода аз санъати меъмории ниёгон сохта, ба истифода дода шуда истодаанд. Биноҳои муҳташам, ба монанди Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Парлумони Тоҷикистон, Маҷмааи “Истиқлол”, Қасри теннис ва монанди инҳо, инъикосгари санъати меъморӣ ва ҳунари волои тоҷикон ба шумор мераванд. Имрӯз боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе саропо зебову гулрез гардида, макони сайёҳӣ ва фароғативу фарҳангии сокинони мамлакат гардидаанд.
Душанбе имрӯз тарҳи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ мегирад, ки воқеан, ҳамчун падидаҳои бузурги фарҳанги шаҳрдории мо машҳури дунё мегардад. Акнун пойтахти кишвар таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, яке аз шаҳрҳои замонавӣ ва пешрафтаи ҷаҳон шудааст.
Имрӯз бо вуҷуди меҳмонхонаҳои сершумор, бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти маҳбубамон бунёду навсозии 10 меҳмонхонаи замонавӣ роҳандозӣ гардидааст. Айни ҳол 5 меҳмонхона мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд. Бо мақсади ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳамин тавр, рушди босуръати пойтахти Ватани маҳбубамон самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз истиқлолу ваҳдат ва хизматҳои шоистаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори хирадманду дурандеш муҳтарам Рустами Эмомалӣ боис гардиданд, ки Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарин ва амнтарин табдил ёбад. Имрӯз мо бояд дар партави ин сиёсати созанда ва суботи сиёсӣ ҷиҳати боз ҳам рушд намудани Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.
Далер ҚОДИРЗОДА, сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе
