ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

07 сентябр 2026, Душанбе
0


4-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори Ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ- 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони онҳо хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу намуданд.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки 10 ҳазор сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барномаи фарҳангии театрикунондашуда ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳу ҷалоли хос доир гардид.
Дар он суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу ваҳдат, ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар, нақши Пешвои миллат дар давлатдории навини Тоҷикистон ва комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ садо доданд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 8 ҳазору 360 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ дар вилояти Хатлон давоми панҷ соли охир сокинони заҳматқарини вилоятро ба ояндаи дурахшони Ватан ва ҳаёти босаодат раҳнамун сохт.
Имрӯзҳо саодату сафои Истиқлоли давлатӣ равшангари дилҳои мардуми кишвар ва тараннумгари ҳамдиливу иттиҳод аст.
Давоми сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор гомҳои қавӣ бардошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати худ қарор дод.
Шодию сурур ва нишоти сокинони саодатманди вилояти Хатлон ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят танинандоз аст. Онҳо бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ҷодаи обод намудани ҳар гӯшаи Ватани маҳбуб бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Суруду таронаҳои дилангези ватандӯстона дар фазои сафобахшу дилкушои Ватан танинандозӣ намуда, қалбу дилҳои сокинони вилоятро моломоли ифтихору сарафрозӣ мегардонад.
Барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ аз бахшҳои гуногуни композитсионию адабӣ иборат буда, дастовардҳои назаррас, тадбирҳои созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати аҳлонаи сокинони бонангу қавииродаи вилояти Хатлонро ифода менамояд.

Санаи нашр: 07.09.2026 №: 175