ДУШАНБЕ. РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ШАҲОМАТ ДОШТ

26-уми июл дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Данғара баргузор шуд.
Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон, дигар намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин сайёҳони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Гӯшаю гулгаштҳои Боғи Ирам бо маҳсулоти кишоварзиву ҳунарҳои мардумӣ оро дода шуда буд, ки диққати иштирокдоронро ҷалб намуд.
Гуфта шуд, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёди якчанд иншооти гуногунтаъинот мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат намудаанд.
Маконҳои зиёди таърихиву фарҳангии ноҳия гувоҳи қадимӣ будани онро собит сохта, барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меоранд. Қалъаи Золи Зар, Қалъаи шаҳиди Данғараи Боло, мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Ҳазрати Сабзпӯш, Ҳазрати Хоҷаи Зинда ва ғайра мавзеъҳои диданӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошанд.
Ҳадаф аз баргузории рӯзи фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзишӣ ва анъанаҳои миллии минтақаҳои кишвар, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Дар доираи рӯзи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод гашт. Сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои мардумӣ, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҳунарӣ ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати хос бахшида, мавриди истиқболи гарми ҳозирин қарор гирифтанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"
