СУЛҲИ ТОҶИКОН БА ОЛАМ ШУД НАМОИ ДӮСТӢ!
Ба истиқболи қабули Қатъномаи Маҷмаи СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036” зимни ташаббус ва пешниҳоди оқилонаи Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон
СУЛҲИ ТОҶИКОН БА ОЛАМ ШУД НАМОИ ДӮСТӢ!
Шуд мунаввар кишвари мо аз ҷилои дӯстӣ!
Зиндагӣ поянда бодо дар ҳавои дӯстӣ!
Дар саломи миллати мо сулҳ ҷавлон мезанад,
Зист умре миллати ман дар варои дӯстӣ!
Қуллаҳои нав ба нав бо дӯстон гардид фатҳ,
Бар сари мо бод парафшон ливои дӯстӣ!
Одамӣ хушбахт хоҳад буд дар рӯи ҷаҳон,
Гар барояд аз ҳама дилҳо салои дӯстӣ!
Халқи тоҷик бо сиришти неку бо аъмоли нек
Вораҳид аз шоми тораш бо ҷилои дӯстӣ!
Дӯстӣ ишқ асту меҳру нусрати бахту сурур,
Зист бояд, зист бояд бо навои дӯстӣ!
Одамизод аз ҳама зулмат раҳо хоҳад шудан,
Гар мунаввар бод ҷонаш бо зиёи дӯстӣ!
Дӯстӣ варзед, мардум, дӯстӣ поянда аст,
Сулҳу тинҷиву амонист аз ҳавои дӯстӣ!
Чун дарахти дӯстиро лутфи Ҳофиз кард сабз,
Комширин шуд ҷаҳон аз меваҳои дӯстӣ!
Миллати мо дӯстиро дар ҷаҳон таҷриба кард,
Сулҳи тоҷикон ба олам шуд намои дӯстӣ!
Дӯстро оғӯш кун бо расми хуби тоҷикон,
Шод бош андар ҳавои дилрабои дӯстӣ!
Зербуни бобақои бахту пирӯзии мост,
Ҷону дил арзад бубахшам ман барои дӯстӣ!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
