ТАТЯНА ЛОГУНОВА-НУГАЕВА: "ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ МЕҲРУБОНӢ, ДӮСТӢ ВА ХОТИРАҲОИ ГАРМУ САМИМИСТ"
![]()
Солҳои охир пойтахти кишвари маҳбубамон ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои созандаву ободкоронаи раиси муҳтарами шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба яке аз зеботарин пойтахтҳои минтақа табдил ёфтааст. Кӯчаҳои васеъву тоза, хиёбонҳои сабзу гулпӯш, фаввораҳои рангоранг, боғҳои ободу замонавӣ ва фазои орому осуда ҳар меҳмонро мафтун месозанд.
Ҳоло хотираҳои рӯзноманигори собиқадори Телевизиони давлатии Федератсияи Россия, собиқ хабарнигори барномаи «Вести» дар Тоҷикистон Татяна Логунова-Нугаеваро, ки баҳори соли равон ба пойтахти мамлакат омада буд, пешкаш мекунем. Татяна мегӯяд, ки ҳар қадар солҳо сипарӣ шаванд ҳам, хотираҳои Тоҷикистон аз зеҳнаш дур намешаванд. Барои ӯ Тоҷикистон танҳо кишвари фаъолияти журналистӣ нест, балки сарзаминест, ки бо меҳрубонӣ, дӯстӣ ва хотираҳои гарму самимӣ пайванд дорад.
Ӯ дар саҳифаи хотираҳояш аз сафари ахири худ ба Душанбе бо муҳаббати зиёд ёд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар гӯшаи пойтахт барояш шинос ва азиз аст, зеро солҳои фаъолияти журналистиаш дар ин шаҳр лаҳзаҳои зиёди муҳим ва фаромӯшнашавандаро аз сар гузарондааст.
Яке аз субҳҳо духтараш аз Москва ба ӯ занг зада, хабар медиҳад, ки дар телевизиони «Россия» барномаи «По секрету всему свету» дар бораи Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Бо шунидани ин хабар Татяна фавран телевизорро фаъол мекунад, зеро тавре худи ӯ мегӯяд, Тоҷикистон барои ӯ кишвари дӯстдошта аст ва дар оилааш ҳама инро медонанд.
Манзараҳои Тоҷикистон дар барнома хотираҳои зиёдеро дар зеҳни ӯ зинда мекунанд. Намоиши таомҳои миллӣ вайро ба рӯзҳои сафараш ба Душанбе мебарад. Ӯ бо эҳсоси самимӣ аз қаймоқи болаззати тоҷикӣ, нонҳои танӯрӣ ва дигар хӯрокҳои миллие ёд мекунад, ки таъму бӯйи хоси худро доранд.
Ба гуфтаи Татяна, дар Москва низ баъзе аз ин маҳсулотро пайдо кардан мумкин аст, аммо нонҳои танӯрии тоҷикӣ ва лаззати таомҳои миллӣ дар Тоҷикистон чизи дигар аст. Ӯ бо шӯхӣ мегӯяд, ки маҳз бо сабаби ҳамин «лаззатҳои тоҷикӣ» ҳангоми сафараш се килограмм вазн гирифтааст.
Рӯзноманигор ба либосҳои миллии тоҷикӣ низ таваҷҷуҳи хоса дорад. Ӯ мегӯяд, ки дар Душанбе бо шавқу завқ либосҳои миллӣ харида, бо худ ҳамчун туҳфа гирифтааст. Вақте онҳоро дар Москва мепӯшад, бисёре аз занон ба зебоии онҳо таваҷҷуҳ карда, мепурсанд, ки аз куҷо харидааст.
Татяна аз меҳмоннавозии тоҷикон бо эҳтироми зиёд ёд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин хислати неки мардум вуҷуд дошт ва ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Дар Душанбе ӯ бо сокинон озодона суҳбат мекард, шӯхӣ менамуд ва аз он хушҳол буд, ки ҳама ӯро бо табассум ва меҳрубонӣ қабул мекунанд.
Дар анҷоми хотираҳои худ Татяна Логунова-Нугаева менависад, ки ҳар сафар ба Тоҷикистон барои ӯ мисли неруи нав барои руҳ аст. Душанбе барои ӯ танҳо як шаҳр нест, балки як гӯшаи азизест, ки бо одамони нек, табиати зебо ва хотираҳои гармаш дар қалб ҷой гирифтааст.
«Зинда бод Тоҷикистон, зинда бод Душанбе!», – бо ҳамин суханони самимӣ рӯзноманигори собиқадор муҳаббати худро ба сарзамине баён мекунад, ки солҳо пеш омада буд ва имрӯз ҳам онро бо меҳр ба ёд меорад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
“Ҷумҳурият”
