АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

27 июл 2026, Душанбе
4


ДОНИШГОҲИ АГРАРӢ
Навъҳои ватании меваю сабзавот ҳифз мешаванд
Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур профессор Усмон Маҳмадёрзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар 10 факултет 4883 донишҷӯ аз рӯйи 53 ихтисос таҳсил менамояд. Аз ҷумла, 50 донишҷӯйи хориҷӣ мебошад, ки аз афзоиши таваҷҷуҳ ба имкониятҳои таҳсил дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодат медиҳад.
Дар посух ба суоли рӯзноманигорон вобаста ба ҳифзи навъҳои ватанӣ ва рушди тухмипарварӣ, Усмон Маҳмадёрзода иброз дошт, ки моҳи июни соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди тухмипарварӣ барои солҳои 2026 – 2030 қабул гардид. Ба гуфтаи ӯ, Барнома ба ҳифзи бозори дохилӣ, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва нигоҳдорию такмили навъҳои ватанӣ равона шудааст.


Сайфиддин СУННАТӢ


ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН
Таъсиси 10 ихтисоси нав
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ аз таъсиси 10 ихтисоси нави таълимӣ хабар дода, таъкид кард, ки ин иқдом бо мақсади омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди иқтисоди рақамӣ роҳандозӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай, тавассути Маркази миллии тестӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба ин ихтисосҳо оғоз гардид. Зиёда аз нисфи ихтисосҳои нав, аз ҷумла «Таъминоти барномавии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ», «Технологияҳои ҳушманд», «Амнияти киберӣ» ва «Криптография», ба самтҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ марбут мебошанд.
Ҳамчунин, бо назардошти рушди сохтмони биноҳои баландошёна ва зарурати таъмини фаъолияти бехатари онҳо, дар Донишгоҳ ихтисоси нави «Хидматрасонии техникии лифтҳо ва эскалаторҳо» таъсис дода шуд.


Сайфиддин СУННАТӢ


Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 35 ҳазору 522 нафар хидмат расонд
Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 35 ҳазору 522 нафар мусофир хидмат расонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 14 ҳазору 197 нафар мусофир кам мебошад.
Тавре Нуралӣ Ҳомидзода, директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб", зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод, тариқи Фурудгоҳ дар 110 хатсайр парвозҳо иҷро гардидаанд, ки дар қиёс ба нимаи аввали соли рафта 36 хатсайр кам мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли равон Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба буҷети давлатӣ 1 миллиону 293 ҳазору 781 сомонӣ маблағ пардохт намуд.


Суннати СОДИҚ


МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Бунёду навсозии иншооти ҷашнӣ вусъати тоза доранд


Аскархон Соҳибзода, сардори раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки имсол тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд ва навсозии як қатор иншооти соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи коммуналӣ пешбинӣ шудааст.
Аз 23 иншооти сохташаванда то Ҷашни Истиқлоли давлатӣ 6-тоаш мавриди истифода қарор мегирад, аз ҷумла бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар деҳоти М. Вайсови ноҳияи Восеъ, бинои Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгории ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб, толори варзиш ва маҷлисгоҳ дар назди муассисаи таълимии деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб. Ҳамзамон, сохтмони бинои таълимию толори варзиш ва маҷлисгоҳ дар назди МТМУ №10-и деҳаи Тудании деҳоти Шуроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба истифода дода мешаванд.

Суннати СОДИҚ


ТАРМИМУ НАВСОЗИИ РОҲҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД


Қурбонзода Ёқубҷон, директори Муассисаи давлатии “Идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби маблағҳои воридгардида як қатор корҳо, аз ҷумла асфалтпӯш (0,67 километр), сангфарш (5,98 километр), тахту ҳамвор намудани роҳҳо (120 километр), кашидани хатҳои уфуқӣ (188 километр), тоза кардани таги пулҳо (5 ҳазору 149 метри мураббаъ) иҷро гардиданд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ барои танзими ҳаракати нақлиёт 316 аломат дар роҳҳо гузошта шуд.
Ҳамзамон, директор иттилоъ дод, ки соҳибкорони ватандӯсти кишвар дар музофот 68,38 километр роҳро асфалтпӯш ва 57,85 километрро сангфарш карданд. Ҳамчунин, 9 пул ба маблағи 1 миллиону 611 ҳазор сомонӣ сохта шуд ва 9 лӯла ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон харида шуд. Онҳоро тариқи ҳашар ҷобаҷо карданд.

Суннати СОДИҚ

Санаи нашр: 27.07.2026 №: 146