РӮШОН. МАҶМААИ ВАРЗИШӢ БУНЁД МЕГАРДАД
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои ободониву созандагӣ ба ҳукми анъана даромада, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон ҳамасола садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта, мавриди истифода қарор мегиранд. Ба баракати соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Рӯшон низ корҳои ободонӣ бомаром идома доранд. Рӯшон симояшро куллан дигар карда, маркази ноҳия – шаҳраки Вамар торафт намои шаҳри муосирро гирифта истодааст.
Яке аз иншоотҳое, ки имрӯз сохтмони он дар ноҳияи Рӯшон бо суръати баланд идома дорад, ин маҷмааи варзишӣ дар ҳудуди собиқ варзишгоҳи марказии ноҳия мебошад. Ин иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия рӯйи даст гирифта шудааст.
Варзишгоҳи марказии ноҳия, ки соли 1987 бунёд гардида буд, бо гузашти вақт ба таъмиру таҷдиди куллӣ ниёз пайдо кард. Вазъияти иншоотро ба назар гирифта, сокинони ташаббускори ноҳия тасмим гирифтанд, ки дар як сафари навбатии раиси вилоят ба ноҳия масъалаи навсозии иншоотро ба миён гузоранд. Бо назардошти саҳми сокинони ноҳия, бахусус соҳибкорони муваффақ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, қарор дода шуд, ки варзишгоҳи пештара на таъмир, балки аз нав сохта ва ба маҷмааи замонавии варзишӣ табдил дода шавад.
Ба гуфтаи Фаррух Мақсудзода, муовини аввали раиси ноҳия, лоиҳаи нав сохтмони як минбари барҳаво ва муосирро дар бар мегирад ва худи варзишгоҳ барои 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Айни ҳол дар иншоот корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд идома дошта, барои татбиқи ин лоиҳаи муҳим 4 миллион сомонӣ равона гардидааст. Ин маблағ бо саҳми мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва ҷомеаи маҳаллӣ таъмин гардида, аз ҳамкории созандаи давлат ва ҷомеа дар роҳи ободонии диёр шаҳодат медиҳад.
Ҳашари дастаҷамъонае, ки имрӯзҳо дар Рӯшон ҷараён дорад, танҳо саҳмгузорӣ дар сохтмони як варзишгоҳ нест, балки таҷассумгари фарҳанги ободкорӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардум мебошад. Маҳз чунин иқдомҳои созанда симои ноҳияро дигаргун сохта, барои зиндагии шоистаи сокинон заминаи устувор фароҳам меоранд.
Дар назар аст, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ маҷмааи варзишӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дарҳои худро ба рӯйи дӯстдорони варзиш боз намуда, ба яке аз беҳтарин иншооти варзишии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табдил хоҳад ёфт. Он на танҳо маркази баргузории чорабиниҳои варзишӣ, балки рамзи сиёсати созанда, заҳмати аҳлона ва эътимоди мардум ба фардои боз ҳам ободу шукуфои Тоҷикистон хоҳад шуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.07.2026 №: 146