ИСТАРАВШАН ГАҲВОРАИ ТАМАДДУН

27 июл 2026, Душанбе
3


Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, шаҳри Истаравшан таърихи беш аз сеҳазорсола дорад ва тули мавҷудияташ номашро чандин маротиба дигар карда бошад ҳам, мардумаш ҳамоно косибони асиланд. Имрӯз низ дар ин бостоншаҳр сокинони сарбаландаш ҳунари бобоиро давом дода, айни ҳол бо бештар аз 134 намуди ҳунари мардумӣ шуғл доранд ва сарфароз аз он ҳастанд, ки аҷдодашон ин ҳунарҳоро ба мерос гузоштаанд.
Воқеан, шаҳри Истаравшан махзани касбу ҳунар ба шумор рафта, то кунун тамоми ҳунарҳои мардумӣ пос дошта шудаанд. Сокинонаш ба ҳунармандию тоҷирӣ, кишоварзию чорводорӣ машғул буда, тули садсолаҳо, асосан, бо ҳунармандӣ ном баровардаанд ва имрӯз гузарҳои шаҳри Истаравшан бо номи як ҳунаре пайвандӣ доранд. Ба мисоли гузари чармгарон, собунгарон, кордгарон, мехчагарон, шонатарошон, олкорон, дегрезон ва ғайраҳо.
Агар ба таърихи тамаддуни башарӣ назар афканем, кам андар кам шаҳрҳое арзи вуҷуд намудаанд, ки тамоми мардумаш ҳунарманд буда, соҳибони ҳунар авлод ба авлод онро ҳамчун мерос ба ворисони хеш гузаронда бошанд. Истаравшан аз ҷумлаи чунин шаҳрҳоест, ки аз хурд то бузург соҳиби ин ё он ҳунар буда, бо касби хеш ифтихор мекунанд. Ин аст, ки маҳсули дастони пурсаховаташон дар ақсои олам маълуму машҳур гаштааст.
Дар ин росто, аъҷубасозӣ яке аз ҳунарҳои мардумӣ буда, барои сохтанаш аз гили бӯта ва чиниворӣ васеъ истифода мебаранд. Дар Истаравшан аз давраҳои пеш аз гили бӯта ҳуштакҳоро ба шаклҳои булбул, мусича, барача ва ғайраҳо месохтанд. Аъҷубаҳо қолаби муайян надоранд. Устоҳои аъҷубасоз шаклу намуди аъҷубаҳоро аз афсонаҳои халқӣ ва тахайюлоти хеш пайдо намуда, онро бо дастони худ аз гили махсуси бо лойи гили бӯта омодакарда месозанд.
Дар шаҳри Истаравшан охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта усто Ғафури аъҷубасоз бо маҳсули меҳнати худ дар ҷаҳон машҳур гашта буд. Баъд аз вафоти усто, писараш Гадойбой Ғафуров ин ҳунарро ба писараш Эргашбой ва наберагонаш Шералӣ, Шерзод ва Шероз омӯзондааст ва онҳо ин касбро то имрӯз идома дода истодаанд.
– Хурсандиовар аст, ки дар Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳамасола бо ташаббуси Ҳукумати кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад. Дар ин Озмун ҳунармандон имкон пайдо менамоянд, ки маҳсули эҷоди ҳунарашонро ба сайёҳон муаррифӣ намоянд, – иброз дошт Эргашбой Ғафуров, узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки бо аъҷубаҳои сохтаи худ усто Эргашбой Ғафуров диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуда, борҳо дар фестивал-озмунҳо, намоишҳои эҷодии ҳунармандон, фестивал-намоишҳои байналмилалии ҳунармандон дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок карда, соҳиби диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардидааст.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 27.07.2026 №: 146