РӮШОН
Кумаки Пешвои миллат ба зарардидагони офати табиӣ
Тавре хабар дода будем, 20-уми июл дар натиҷаи омадани сел ба деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон 40 манзили истиқоматии сокинон зарар дид.
Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти баамаломада таҳти назорати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, ба оилаҳои зарардида кумаки Президенти кишвар, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, барои бунёди манзилҳои нав ва маводи ғизоӣ дастрас гардид.
Сокинон барои дастгирӣ ва ғамхорӣ ба давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин таваҷҷуҳ дар рӯзҳои душвор ба онҳо руҳбаландӣ мебахшад.
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Фаронса мулоқот намуд
27-уми июл вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинёлро бинобар анҷомёбии маъмурияти дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо аз сатҳи густариши ҳамкории Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъалаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Фаронса барои саҳмаш дар рушду таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.
Мулоқоти котиби Шурои амният бо сафири Покистон дар Тоҷикистон
27-уми июл котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Ирфон Аҳмад мулоқот намуд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро, ки бар пояи дӯстии анъанавӣ, эҳтироми мутақобил ва эътимоди сиёсӣ асос ёфтаанд, баррасӣ карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳдиду хатарҳои киберӣ, роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори ду кишвар дар самти таъмини амният ва мубодилаи иттилоот муҳокима гардид.
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Дар деҳаи Фурқати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 12 оилае, ки 2-юми майи соли равон бар асари сел зарар дида буданд, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 6 садяк ҷудо шуд.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод, дар ин мавзеъ сохтмони манзилҳои нави истиқоматӣ оғоз шуда, барои ҳарчи зудтар бо хонаҳои нав таъмин намудани оилаҳо корҳои сохтмонӣ вусъат дода мешаванд.
Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон ба ҳар оилаи зарардида 10-ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тақдим намуд.
Ҷоизаи навбатии филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст»
Аз 23-юм то 26-уми июл дар шаҳри Пскови Федератсияи Русия Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои Ғарб» доир гардид.
Дар он аз Тоҷикистон филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоиза шуд.
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» то имрӯз дар 14 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дарёфти 10 ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ мушарраф гардидааст.
