ОБ. АҲАМИЯТИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗАИ ҶАҲОНӢ

29 июл 2026, Чоршанбе
3


Имрӯз масъалаҳои вобаста ба об аз ҷумлаи мушкилоти муҳимтарини ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳалли онҳо ҳамкории густурдаи ҷомеаи байналмилалиро тақозо менамояд.

Эмомалӣ РАҲМОН


Об яке аз сарватҳои муҳимтарини табиат буда, асоси ҳаёт ва рушди устувори ҷомеаи инсонӣ маҳсуб меёбад. Дар асри XXI масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи нӯшоӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ба яке аз масъалаҳои калидии рушд табдил ёфтааст. Тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди саноат ва кишоварзӣ, инчунин, ифлосшавии манбаъҳои об боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об таваҷҷуҳ намояд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» (15 июни соли 2026) на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки як рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом дар заминаи таҳаввулоти муосири сиёсати ҷаҳонии об, афзоиши таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об маъно ва аҳамияти махсус касб мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи хулосаи коршиносони байналмилалӣ дар даҳсолаҳои наздик рақобат барои захираҳои об метавонад ба яке аз мушкилоти асосии ҷаҳон табдил ёбад. Имрӯз садҳо миллион нафар дар минтақаҳои гуногуни сайёра ба оби тозаи нӯшоӣ дастрасии кофӣ надоранд. Дар баробари ин, обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолӣ, биёбоншавӣ ва офатҳои табиӣ ба амнияти озуқаворӣ ва иқтисодии давлатҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Маҳз аз ҳамин ҷиҳат масъалаи об дигар танҳо масъалаи экологӣ набуда, ба масъалаи амнияти миллӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори тамоми кишварҳо табдил ёфтааст.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги об дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муҳим мебозад. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор иқдомҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи об амалӣ гардид. Ин ташаббусҳо, аз ҷумла дар сатҳи СММ, пуштибонии худро пайдо намудааст. Масалан, эълон гардидани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бо пешниҳод ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон масъалаи обро на танҳо ҳамчун манфиати миллӣ, балки ҳамчун масъалаи ҳаётан муҳими глобалӣ арзёбӣ мекунад.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об бо мақсади қадрдонӣ намудани шахсони алоҳида, олимон, муҳаққиқон, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар субъектҳое таъсис дода шудааст, ки дар ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми назаррас мегузоранд.
Метавон гуфт, ки ҳадафҳои асосии Ҷоиза иборатанд аз:
– дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар самти захираҳои об;
– тарғиби технологияҳои муосири сарфаи об;
– ҳавасманд намудани навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи об;
– ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об;
– тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об;
– дастгирии ташаббусҳои экологӣ ва иқлимӣ ва монанди ин.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими Ҷоиза рушди илм ва технология мебошад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани талабот ба об, татбиқи дастовардҳои илмӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Ҷоиза метавонад олимонро барои гузарондани тадқиқоти нав дар самтҳои мониторинги захираҳои об, омӯзиши пиряхҳо, идоракунии захираҳои об, тозакунии об, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии об, пешгӯйии офатҳои табиии вобаста ба об ҳавасманд намояд.
Бояд гуфт, ки ин Ҷоиза на танҳо воситаи қадрдонӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва амалӣ дар соҳаи об мебошад, балки ҳамчун механизми муҳими пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об ва таъмини рушди устувор хизмат мекунад.


Исломиддин РАҲМОН,
директори Агентии “Тоҷикстандарт”

Санаи нашр: 28.07.2026 №: 147