МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “БОЗИҲОИ ОЯНДА”

30 июл 2026, Панҷшанбе
3


29-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона дар маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур рамзи давраи нав мебошад, ки дар он фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои пешрафтаи рақамӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд.
Ин формати инноватсионӣ руҳияи замонро инъикос мекунад ва рушди варзишҳои анъанавиро бо имкониятҳои бепоёни зеҳнии фазои киберӣ муттаҳид месозад.
Мавриди зикр аст, ки чунин ташаббусҳо на танҳо ба рушди технологӣ нигаронда шудааст, балки ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни мардумони ҷаҳон мусоидат мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” намояндагони пешбари ҷомеаи инноватсионии варзиширо дар бар мегирад ва меъёрҳои навро барои рушди варзиши рақамӣ дар кишварҳо муқаррар хоҳад кард.

Санаи нашр: 30.07.2026 №: 149