САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

31 июл 2026, Ҷумъа
2


30-юми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии машварати сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


30-юми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии машварати сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон вориди шаҳри Чолпон-Ата шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон – Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Санаи нашр: 31.07.2026 №: 150