ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФОРМУЛАИ 1 ДАР РӮЙИ ОБ

03 август 2026, Душанбе
2


1-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Ота дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯйи об (F1H2O), ки дар Иссиқкӯл ҷараён гирифт, иштирок намуданд.
Даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯйи об (F1H2O) бо ҳузури роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре иттилоъ доданд, ин нахустин баргузории чунин навъи машҳури варзиш дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар он 15 варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ аз 12 кишвар ширкат варзид.


АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН
Сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Ота, ки аз 30-юми июл то 1-уми август идома дошт, ба анҷом расид.
Дар ҷараёни сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ва дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯйи об (F1H2O), ки дар Иссиқкӯл баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон – Роҳбари маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар шахсони расмии Қирғизистон гусел карданд.
1-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргаштанд.

Санаи нашр: 03.08.2026 №: 151