БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

03 август 2026, Душанбе
3


ЭҲДО БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Моро дубора миллати кишваркушо кунад,
Ҳам бо садои ваҳдати худ пурсадо кунад.
Олам гирифтаанд ниёгони мо, бале,
Имрӯз кори пешравон Пешво кунад.


Бо Пешвои миллати худ пеш меравем,
Дастобадасти ваҳдати худ пеш меравем.


Мо дар баробари ҳама сангар ситодаем,
Мо дар дифои миллату кишвар ситодаем.
Савганд хурдааст ба ҷону сари азиз,
Мо низ сар супурда чу Сарвар ситодаем.


Бо Пешвои миллати худ пеш меравем,
Дастобадасти ваҳдати худ пеш меравем.


Бо Пешвост ин Ватани чун баҳори мо,
Ид аст, ид ҳар даму лайлу наҳори мо.
Тоҷикӣ аст ҳарфи вай аз минбари ҷаҳон,
Боло барад ба ҳар суханаш ифтихори мо.


Бо Пешвои миллати худ пеш меравем,
Дастобадасти ваҳдати худ пеш меравем.


ПОСДОРИ НИЁ
Ҳаме ёд дорам зи дарси куҳан,
Чунин ёдгоре зи пири сухан:
Ки ҳар кас, ки ёди ниё мекунад,
Бар ӯ ҳам ниё марҳабо мекунад.
Ба халқе, ки дорад чунин Пешво,
Салои ниё бод ҳам сад дуо:
“Зиҳӣ он ки эҳёгари ҷони мост,
Ки пирӯзияш асли армони мост!
Зиҳӣ он ки аз Рӯдакӣ мужда дод,
Забони дариро даре баркушод!
Зиҳӣ он ки Фирдавсии номдор,
Кунад аз вуҷудаш ҳаме ифтихор!”
Зи Тӯси куҳан оядам ин нидо:
“Зиҳӣ Пешво – посдори ниё!
Зиҳӣ он ки эҳёгари ҷони мост,
Ки пирӯзияш асли армони мост!
Зи Мавло ту мавлои олам шудӣ,
Имомат дуо доду Аъзам шудӣ!
Зи Ҷомӣ гирифтӣ чу ҷоми сухан,
Ҳамадонӣ омад давоми сухан”.
Зи Балху Бухоро расад ин садо:
"Зиҳӣ Пешво – посдори ниё!
Зиҳӣ он ки эҳёгари ҷони мост,
Ки пирӯзияш асли армони мост!
Камоли Хуҷандӣ камолат диҳад,
Худо давлати безаволат диҳад.
Ба мо азму руҳи қавӣ додаӣ,
Саразми куҳанро навӣ додаӣ!
Ту моро ба мо додӣ, эй асли мо,
Зиҳӣ Пешво – посдори ниё!
Зиҳӣ он ки эҳёгари ҷони мост,
Ки пирӯзияш асли армони мост!"


Баҳром РАҲМАТЗОД,
директори Маркази
илмии Камоли Хуҷандӣ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Санаи нашр: 03.08.2026 №: 151