Боздиди Рамазон Раҳимзода аз Бюрои миллии марказии Интерпол

05 август 2026, Чоршанбе
18


3-юми август вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ҷараёни корҳои ободонии Бюрои миллии марказии Интерпол, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру навсозӣ гардид, боздид намуд.
Зимни суҳбат бо ҳайати шахсии ин ниҳод, вазир таъкид сохт, ки Бюрои миллии марказии Интерпол яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва фаъолияти самараноки он барои густариши ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ аҳамияти калон дорад.


ХУҶАНД
Барои шуъбаи ВКД бинои нав сохта мешавад
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз шуд.
Дар маросими гузоштани санги асоси иншоот раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, таъкид кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон нақши муҳим доранд.


Барфи мавсимӣ дар Қаратоғ ва Зарафшон об шудааст
Дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ ва дар минтақаҳои Шингу Ҳафткӯли ҳавзаи рӯди Зарафшон тақрибан 95 дарсади захираи барфи мавсимӣ об шудааст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Зикр мешавад, ки ин нишондиҳанда аз идомаи раванди фаъоли обшавии барф дар мавсими тобистон шаҳодат дода, ба ташаккули маҷрои дарёҳо, таъмини захираҳои об ва низоми обшинохти (ҳидрологӣ)-и минтақа таъсири бевосита мерасонад.


ШУҒНОН
Неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон аз неругоҳи барқи офтобӣ дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки неругоҳ дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр бо иқтидори 3 мегаватт бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд ва дар рӯзҳои таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.


НОРАК
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳр шинос шуданд
Бо мақсади иҷрои дастури раиси шаҳри Душанбе ва дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ, барои кормандони сохторҳои МИМҲД шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳии Душанбе – Норак – Душанбе ташкил шуд.
Кормандони сохторҳои мақомоти пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд.


ТЕМУРМАЛИК
Бозёфти ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷӣ ва давраи Кӯшониён
Корҳои омӯзиширо мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ҳудуди ёдгориҳои бостонии ноҳияи Темурмалик анҷом доданд.
Бозёфтҳо мансуб ба давлатдорӣ, шаҳрсозӣ ва хоҷагидорӣ буда, дорои аҳамияти баланди илмӣ ва таърихӣ мебошанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ пас аз анҷоми омӯзиш дар шакли ҳисоботи илмӣ ва таҳлилӣ пешниҳод мегарданд.

Санаи нашр: 04.08.2026 №: 152