АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
СУҒД
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳ
Дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди вилоятро дар нимаи якуми соли 2026 шарҳ дода, зикр намуд, ки қисми даромади буҷет ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 ба андозаи 106,2 фоиз иҷро гардида, ба 2 миллиарду 662,5 миллион сомонӣ расид. Иҷрои қисми хароҷоти буҷет дар ин давра 2 миллиарду 535,8 миллион сомониро ташкил кард, ки 98,7 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 20 миллиарду 536,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагон, 111 фоиз шуд.
Дар вилоят 1334 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар соҳаи саноати истихроҷ дар моҳҳои январ – июни соли равон ба маблағи 8 миллиарду 3,8 миллион сомонӣ маҳсулот истихроҷ гардидааст. Ҳаҷми истихроҷи маводи энергетикӣ 322,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 фоиз афзоиш ёфтааст.
Сурайё ҲАКИМОВА
ШАҲРИНАВ
293 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимаи аввали соли 2026 қисми даромади буҷети маҳаллӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 116 дарсад иҷро гардида, маблағи ба буҷет воридгашта 37 миллиону 142 ҳазор сомониро ташкил дод. Қисми хароҷоти буҷет бошад, 94,7 дарсадро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки кишоварзон бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони 5078 гектар кишти баҳорӣ гузаронданд, аз ҷумла дар 1118 гектар ғалладона, 1153 гектар зироатҳои техникӣ, 1935 гектар сабзавот, 221 гектар картошка ва дигар намуди маҳсулот кишт гардид. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар соҳаи рустанипарварӣ 135 миллиону 595 ҳазор сомонӣ ва соҳаи чорводорӣ бошад, 143 миллиону 214 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
– Тибқи нақшаи чорабиниҳо барои сазовор ва бошукӯҳ таҷлил намудани Ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ноҳияи Шаҳринав бунёди 297 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардида буд. Феълан, 293 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 99 дарсади нақшаро ташкил медиҳад, – иброз намуд раиси ноҳия.
Ёқуби СОДИҚ
САНГВОР
Нақшаи даромади буҷет барзиёд иҷро шуд
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор ба 139,5 миллион сомонӣ баробар гардид. Ин нуктаро раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 5449 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, қисми даромади буҷети ноҳия ба ҷойи 10,6 миллион сомонии пешбинишуда, дар ҳаҷми 11,8 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки аз нақша 1,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо низ бо назардошти андози иҷтимоӣ, дар ҳаҷми 14,1 миллион сомонӣ иҷро шуд.
Худодод ЗАЙНИДДИН
ДДМИТ
15 ихтисоси нав
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав таъсис дода шуда, аз ҷониби маъмурият барои мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи бозори меҳнат тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Ин нуктаро ректори Донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода зимни нишасти матбуотӣ зикр карда, ҳамзамон, аз дастовардҳои таълимӣ, илмӣ ва байналмилалии муассиса маълумот пешниҳод намуд.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ се созишномаи нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ ба имзо расида, шумораи умумии онҳо ба 170 адад расидааст. Айни замон дар Донишгоҳ 140 нафар донишҷӯйи хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Олмон, Чин ва Федератсияи Русия таҳсил мекунад.
Дар ин давра 12 нафар омӯзгор дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ сафарбар шуда, дар семинарҳо, тренингҳову курсҳои такмили ихтисос иштирок намуданд ва шаш нафар донишҷӯ барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои Федератсияи Русия фиристода шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ
ДТҶТ
Аз 15 мусобиқа 71 медал
Дар шаш моҳи аввали соли равон донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар 15 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, 71 медал (37 тилло, 18 нуқра, 16 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ректор Амир Иброҳимзода иттилоъ дод.
Ҳамчунин, иброз дошт, ки 12 омӯзгори Донишкада дар 22 мусобиқаи гуногун ширкат варзида, соҳиби 17 медал, аз ҷумла 8 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ шуд.
Гуфта шуд, ки бахшида ба Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ҳамоиши донишҷӯён таҳти унвони «Варзиш – беҳтарин василаи муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш зиёда аз 100 донишҷӯйи хориҷӣ аз Ҳиндустон, Эрон, Чин, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ғайра, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон мехонанд, иштирок карданд.
Сайфиддин СУННАТӢ
Осорхонаи таърихии Донишкадаи фарҳанг ва санъат бунёд ёфт
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода як қатор иншооти нави таълимиву эҷодӣ, аз ҷумла осорхонаи таърихӣ, маркази асбобҳои мусиқӣ, студияи сабти овоз ва барномаҳо, инчунин, ҳуҷраҳои ороишгариву чеҳрапардозӣ барои театри таълимӣ ташкил шуданд, ки барои такмили маҳорати амалӣ ва касбии донишҷӯён, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва баланд бардоштани сифати таҳсил заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар ин хусус ректор Маҳмуд Назарзода зимни нишасти матбуотӣ мужда расонд.
Зикр гардид, ки айни замон Донишкада бо 63 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷии дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар заминаи онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба роҳ мондааст. Дар шаш моҳи аввали соли равон бо мақсади татбиқи созишномаҳои байнимуассисавӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ устодон, кормандон ва донишҷӯён 6 сафари хориҷӣ анҷом доданд.
Сайфиддин СУННАТӢ
