АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

05 август 2026, Чоршанбе
5


ХУҶАНД
Корҳои шаҳрсозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ густариш меёбанд
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ аз нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 7533 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, шумораи корхонаҳои хурду миёна ба 330 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 адад ё 2,8 дарсад афзоиш ёфта, истеҳсоли 173 намуд маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Дар шаҳр 61 ҳазору 866 метри мураббаъ бинои истиқоматии баландошёна сохтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141 фоиз ё 17 ҳазору 997 метри мураббаъ бештар мебошад.
Дар нишаст хабарнигорон оид ба масъалаҳои сохтмони биноҳои баландошёна, хидматрасонии коммуналӣ, ободонии маҳаллаҳо, фарҳанги шаҳрдорӣ, татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва дигар мавзуъҳо маълумот гирифтанд.


Сурайё ҲАКИМОВА


КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Шумораи донишҷӯён 20 дарсад афзуд
– Теъдоди донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад афзуд, – гуфт ректор Баҳодур Давлатзода, зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон.
Ба таъкиди мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ дар Консерватория 424 донишҷӯ, аз ҷумла 394 нафар дар зинаи бакалавр (192 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва 202 донишҷӯ дар шуъбаи ғоибона), 26 нафар дар зинаи магистратура ва 4 нафар дар зинаи докторантура (PhD), ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 100 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, 275 нафар дар асоси шартнома ва 65 донишҷӯи хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Чин ва Олмон низ мехонанд.
Тибқи иттилои Баҳодур Давлатзода, соли равон 67 нафар Консерваторияро бомуваффақият хатм намуд, ки аз ин шумора 7 нафараш шаҳрванди хориҷӣ мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ

Санаи нашр: 05.08.2026 №: 153