ТОҶИКИСТОН – БРИТАНИЯ
Баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода бо сафири фавқулода ва мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон вохӯрда, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонуниро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир»-ро муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки дар доираи ин лоиҳа низоми иттилоотонӣ, хатти доимоамалкунандаи машваратӣ, даврҳои омӯзиши забони англисӣ, саводнокии молиявӣ ва омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шудаанд.
ХИЗМАТРАСОНИИ ЭЛЕКТРОНӢ
Машварати омӯзишӣ дар Хадамоти иҷро
Дар чорабинӣ намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, Хадамоти алоқа ширкат намуда, масъалаҳои истифодаи дурусти портали хизматрасониҳои давлатӣ, портали ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи асосии амнияти киберӣ ва молиявӣ, тартиби ҳифзи маълумот ва дигар масъалаҳои муҳим оид ба рақамикунонии фаъолияти мақомоти давлатиро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи босамари технологияҳои рақамӣ, истифодаи дурусти системаҳои электронии давлатӣ ва риояи меъёрҳои амнияти иттилоотӣ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
ВАРЗОБ
Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ оид ба Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир
Бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 4-уми август дар ноҳияи Варзоб таҳти унвони «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва тарғиби масъалаҳои ҳамзистии осоишта дар он» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гашт.
Гуфта шуд, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аз муҳимтарин осори тамаддуни башарӣ буда, дар он арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба озодии инсон ва адолат таҷассум ёфтаанд.
Омӯзиш ва муаррифии чунин мероси ғании таърихӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ аҳамияти калон доранд.
«БЕҲТАРИН ДАР ОСИЁ»
Навраси тоҷик сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Таълимгирандаи маҳфили «Рақс»-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Зебинисо Исмоилова дар Фестивал-озмуни XII байналмилалии санъати «Zheti oner – Tashkent» сазовори ҷойи якум ва ҷоизаи олӣ – Grand Prix гардид.
Ҳамзамон, дар доираи ин Фестивал-озмун Зебинисо унвони фахрии «Беҳтарин дар Осиё – 2026»-ро сазовор шуд.
Иштироки фаъолонаи таълимгирандагони пойтахт дар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ аз сатҳи баланди омӯзиш, рушди қобилияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба тарбияи насли соҳибистеъдод шаҳодат дода, дар муаррифии фарҳангу санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.
СУҒД
Тарғиби мероси ниёгон дар РВКД
Дар раёсати ВКД дар вилояти Суғд аввалин маҳфили “Шоҳномахонӣ” доир гашт. Минбаъд тамоми машғулиятҳои омӯзишӣ бо қироати порчаҳо аз “Шоҳнома” гузаронда хоҳанд шуд.
Таъкид шуд, ки омӯзиши ин асари мондагор барои ҳар як корманд ва хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ зарур аст, зеро он дарси шуҷоату мардонагӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, худшиносӣ ва дӯстдории Ватанро меомӯзонад.
ВАҲДАТ
Ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корро оғоз кард
Дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳамаи масъулонро зарур аст, то бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи шаҳраку деҳот барои доир кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар муҳлати муайяншуда ҷалб кардани наваскарон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
