ЧОЛПОН-АТА. БАРДОШТҲОИ МУСБАТ АЗ НИШАСТИ ҒАЙРИРАСМИИ РОҲБАРОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗАРБОЙҶОН

05 август 2026, Чоршанбе
5


Нишасти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон марҳалаи нави ҳамгироии минтақавиро инъикос намуд. Муҳтавои мулоқот нишон медиҳад, ки давлатҳои минтақа талош доранд мавқеи худро ҳамчун як фазои мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва геостратегӣ таҳким бахшанд. Пешниҳодҳои ироагашта на танҳо ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ, балки ба ташаккули низоми устувори рушди минтақавӣ равона шудаанд.
Яке аз ташаббусҳои муҳими нишаст пешниҳоди Президенти Қирғизистон оид ба ҷорӣ намудани раводиди ягонаи сайёҳӣ буд. Ин иқдом метавонад ба ҳаракати озоди сайёҳон шароит фароҳам оварда, рақобатпазирии минтақаи Осиёи Марказиро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувор созад.
Президенти Қазоқистон аҳамияти ба имзо расидани Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориро ҳамчун заминаи ҳуқуқии таҳкими ҳамгироии минтақавӣ таъкид карда, зарурати таҳияи нақшаҳои амалии мушаххасро барои татбиқи самараноки ин санад пешниҳод намуд.
Президенти Ӯзбекистон таъсиси фазои ягонаи рушдро бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон пешниҳад кард. Ин ташаббус метавонад имкониятҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва тавсеаи бозорҳои минтақавиро фароҳам созад, ҳарчанд татбиқи он аз вазъи амниятӣ ва сиёсӣ, бахусус дар Афғонистон, вобастагӣ дорад.
Масъалаҳои экологӣ низ дар меҳвари баррасӣ қарор гирифтанд. Пешниҳоди Президенти Туркманистон оид ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои барқарорсозии баҳри Арал ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии Амударё ва Сирдарё аҳамияти муҳими экологӣ ва амнияти обиро барои тамоми минтақа нишон медиҳад.
Аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки корхонаи бузурги коркарди нафт таъсис дода шавад, ки тавонад талаботи мамлакатҳои минтақаро ба сӯзишворӣ таъмин намояд. Дар сурати амалӣ гардидан, ин ташаббус метавонад вобастагии кишварҳоро аз воридоти маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ҳамкориҳои саноатӣ ва энергетикиро тақвият бахшад.
Президенти Озарбойҷон низ омодагии кишварашро барои густариши ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳор намуд, ки ин аз аҳамияти рӯзафзуни робитаҳои байни минтақаҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳад.
Дар маҷмуъ, ин пешниҳодҳои дар Эъломияи Чолпон-Ата инъикос ёфта, нишон медиҳанд, ки кишварҳои иштирокдор ба ташаккули модели нави ҳамкории минтақавӣ, ки бар пояи манфиатҳои муштарак, рушди устувор ва ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодиву экологӣ асос ёфтааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд.
Нишасти Чолпон-Ата нишон дод, ки ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба марҳалаи сифатан нав ворид шудааст. Пешниҳодҳои роҳбарони давлатҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои ояндаро дар соҳаҳои сайёҳӣ, иқтисод, энергетика, нақлиёт, муҳити зист ва амният муайян намуданд. Татбиқи баъзе ташаббусҳо ба омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ вобаста бошад ҳам натиҷаҳои нишаст заминаи мусоидеро барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани нақши Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ фароҳам оварданд.


Соҳиби БАҲРУЛЛО, ходими калони илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Санаи нашр: 05.08.2026 №: 153