ЗАФАРОБОД
Гурӯҳи кории Ҳукумат бо рафти корҳои саҳроӣ шинос гардид
Гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода аз рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои ноҳияи Зафаробод, фаъолияти истгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати феълии таъминоти оби полизӣ дар ноҳия шинос гардид.
Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, кишоварзон ва масъулони соҳа, масъалаҳои истифодаи оқилонаи оби полизӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсиониро баррасӣ намуда, дастуру супоришҳои муфид дод.
ВКД хатмкардагони муассисаҳои соҳавиро бо ҷойи кор таъмин кард
5-уми август вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо хатмкардагони Академияи ВКД, Коллеҷи милитсия ва Коллеҷи оташнишонӣ вохӯрд ва онҳоро ба вазифаҳои хидматӣ таъин кард.
Рамазон Раҳимзода оид ба дастовардҳои замони истиқлол сухан ронда, аз пешрафту дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, ёдовар шуд. Зикр гардид, ки имрӯз барои таълиму тарбияи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, тавассути муассисаҳои таълимии соҳавӣ мутахассисони соҳибкасб барои хидмати содиқона ба давлат ва ҷомеа омода мегарданд.
Муаррифии Барномаи стипендияи Ҷопон барои хидматчиёни давлатӣ
Барномаи JISPA зимни вохӯрии муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо директори Дафтари минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором Такаши Нагаока ва менеҷери барнома
Сайка Кин муаррифӣ шуд.
Зимни суҳбат нақши барнома дар рушди иқтидори касбии хидматчиёни давлатӣ ва такмили сиёсати иқтисодӣ, иштироки кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон дар барнома ва ғайра муҳокима гардид.
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Барои рушди сайёҳӣ заминаи устувор фароҳам оварда шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.
Таъкид гашт, ки истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи устувор фароҳам оварда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои захираҳои ғании табиӣ, таърихию фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои ҷалби сайёҳон ва рушди инфрасохтори муосир тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР»
Дар Италия намоиши мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Ин тадбир бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 20-уми октябр дар Осорхонаи тамаддуни
Рими Италия сурат мегирад.
Дар он шоҳкорҳои мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз ёдгориҳои машҳури бостоншиносӣ ва меъморӣ, аз ҷумла Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, дайри буддоии Аҷинатеппа ва амсоли инҳо намоиш дода мешаванд.
Даврабандии нигораҳои пешниҳодшаванда аз асри VI то милод то асри ХХ милодиро дар бар мегирад.
ВМКБ
Семинари омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиш
Кумитаи миллии олимпӣ барои такмили ихтисоси маъмурони соҳаи варзиши вилоят аз 5-ум то 8-уми август семинари омӯзишӣ баргузор мекунад. Дар семинар 20 мураббӣ ва роҳбарони муассисаҳои варзишӣ иштирок доранд.
Мақсад аз он, баланд бардоштани касбияти мураббиён, иҷрои тартибу низоми иштирок дар мусобиқа ва чемпионатҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, риояи қоидаву қонунҳои амалкунанда дар соҳаи варзиш ва донистани забонҳои хориҷӣ мебошад.
