ҶОМЕАИ МУОСИР. ЧӢ ГУНА МИЁНИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ ТАВОЗУН БИОФАРЕМ?
![]()
Дар асри XXI, ки онро асри технология ва пешрафти босуръат меноманд, нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва муҳофизати ҷавонон аз таҳдидҳои глобалӣ ба яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа табдил ёфтаанд. Фарҳанги миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ ва маънавиёти ҷомеа, сипари асосиест, ки метавонад насли наврасро аз гумроҳӣ ва гароиш ба ҷараёнҳои бегона ҳифз кунад. Вақте мо дар бораи рушд ва амният гап мезанем, бояд дарк намоем, ки ин ду мафҳум аз мактабу оила ва шуури ҷавонон оғоз меёбад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба либоси миллӣ на танҳо ҳамчун як унсури таърихӣ, балки ҳамчун як абзори муосири таблиғи фарҳанг бингарем. Барои он ки ҷавонон ба либоси бегона – хоҳ аз ҳад зиёд урён ва хоҳ сиёҳу тираи афкори ифротӣ рӯ наоранд, мо бояд алтернативаи ҷолиб пешниҳод намоем. Тарроҳон ва ситораҳои мӯди кишвар бояд тарҳҳои «Этно-муосир»-ро бештар кунанд. Яъне, омезиши атласу адрас ва чакан бо услубҳои либоспӯшии рӯзмарраи ҷавонон, ба мисли костюмҳои расмии корӣ ва куртаҳои донишҷӯйӣ, метавонад ин зебоиро устувор нигоҳ дорад. Садриддин Айнӣ дар вақташ барҳақ фармуда буд: "Миллатеро, ки забонаш ва фарҳангаш аз байн рафт, худи он миллат низ аз байн хоҳад рафт". Бинобар ин, ҳифзи либос ва суннатҳо унсури ҳаётии мондагории мост. Бояд тавассути блогерону чеҳраҳои шинохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ мӯди тоҷиконаро тренд ва оммавӣ кард.
Аз сӯйи дигар, маросими мо набояд танҳо ба саҳнаи намоишкорӣ ё тақлидҳои бемаънии Ғарбу Шарқ табдил ёбанд. Тӯй авҷи фарҳанги як миллат аст. Ба ҷойи дискотекаҳои бемазмун, метавон маросими қадимаву зебои тоҷикиро бо усули нав зинда кард. Масалан, ташкили гӯшаҳои аксгирии миллӣ ва иҷрои зиндаи таронаҳои мардумӣ бо асбобҳои суннатӣ ба тӯй файзу ҳашамати хос мебахшанд.
Ҳамзамон, ифротгароӣ ва терроризм дар замони мо бештар тавассути фазои маҷозӣ ба зеҳни ҷавонон нуфуз мекунад. Танҳо бо маҳкум кардан ё тарсондан наметавон пеши ин селро гирифт. Мо бояд «масунияти зеҳнӣ»-и ҷавононро қавӣ намоем. Таъсиси марказҳои коворкинг, маҳфилҳои зеҳнӣ ва стартапҳо ба онҳо кумак мекунанд, ки вақти худро самаранок гузаронанд. Вақте ҷавон бо илм, барномасозӣ ва санъат банд аст, вақти холӣ барои кофтани сомонаҳои хатарнок намемонад. Тавре мутафаккирон таъкид мекунанд: "Ҷавонии беҳадаф, заминаи омода барои афкори харобкор аст".
Ҳифзи асолати миллӣ маънои онро надорад, ки мо аз ҷаҳони муосир ақиб монем. Баръакс, ҳадаф ин аст, ки мо бо илму дониши муосир, бо истифода аз технологияҳои нав, вале бо руҳ ва шинохти тоҷикона ба пеш ҳаракат намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо насли наврасро худшинос ва ватандӯст тарбия мекунем.
Умедҷон АМОНӢ, унвонҷӯ
