КӮЛОБ. ОМӮЗГОРОН ҶАШНИ МИЛЛИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРАНД
Хонандагону омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ба номи Ёдгор Давлатови Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз тайёрӣ ва омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
- Давраи таътили тобистона бошад ҳам, - иброз медорад сарвари таълимгоҳ Парвиз Давлатов, - ҳар рӯз дар саҳни мактаб омӯзгорону коргарони техникӣ ба корҳои ободонӣ ва таъмири 3 бинои таълимӣ, ошхона ва толори варзиш машғуланд. Соҳибкорони маҳаллаҳои Зарбдор ва Андароб бо маслиҳати Иброҳим Исмоилов, Ғолиб Мирзода, Аминҷон Ҳалимов дар таъмири мактаб саҳм мегиранд, зеро маҳз аз ин деҳаҳо беш аз 1400 нафар хонанда дар Муассиса таҳсил менамояд.
Натиҷаи муомилаи хуб аст, ки соли ҷорӣ дар заминҳои атрофи мактаб дарахтони ҳамешасабзу гулу гулбуттаҳои зебо шинонда шуда, таъмири пурраи синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, роҳравҳо сари вақт ва хушсифат ба анҷом расид. Дару тирезаҳои фарсуда бо дару тирезаҳои ҳозиразамон иваз шуданд, хатти оби нӯшоӣ кашида шуд.
Саодат Абдуллоева, Мунираи Саид, Рухшона Гадоева - омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, Марҷона Қурбонова - муаллими фанни забони русӣ, Сабоҳат Шомуродова - муаллими фанни биология ва дигаронро ном бурдан ба маврид аст, ки дар давоми сол шогирдонашон Мамадулло Қаландаров, Раббонӣ Одинаев, Анушервон Ғуломҳайдаров, Фотеҳ Раҳматов, Ҳалима Умурзоқова, Самир Абдурасулов, Ёсуман Ҳакимова, Абубакр Ширинов, Ҳафиза Ғуломова, Мадина Розиқова ва дигарон аз фанҳои таълимӣ дар озмунҳои шаҳрӣ, минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб баромада, бо медалҳои тиллою нуқра ва биринҷӣ ба зодгоҳ баргаштанд, ки ин боиси обрӯ ва ифтихори муаллимону хонандагон гардид.
Зубайдулло РАҲМОНЗОДА, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
