ГУМРУК. ТАҶДИД ВА НАВСОЗИИ ГУЗАРГОҲҲОИ САРҲАДӢ
Чанде пеш дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти маҷозии муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) баргузор гардид.
Дар он амалисозии лоиҳаҳои таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтори нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ дар доираи ҳамкории минтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони БОР сатҳи ҳамкории мутақобиларо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, иттилоъ доданд, ки ҳамоҳангсозии минбаъдаи лоиҳаи таҷдиди гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек»-ро мутахассиси БОР Ари Каллиокоски ба уҳда мегирад.
Зикр гардид, ки гузаргоҳҳои «Фотеҳобод–
Ойбек», «Саразм» ва «Навбунёд» аз ҷумлаи объектҳои афзалиятноки БОР дар минтақа ба ҳисоб мераванд. Бо назардошти афзоиши назарраси ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ, зарурати рушди инфрасохтори сарҳадӣ ва баланд бардоштани иқтидори гузаргоҳҳо таъкид карда шуд.
Тавре намояндагони БОР иттилоъ доданд, лоиҳаҳои мазкур дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC/ЦАРЭС) амалӣ гардида, барои маблағгузории онҳо дар ҳашт соли оянда ҷалби тақрибан 400 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.
Турсунзода Азим Ҳайдар ба Бонки осиёии рушд барои дастгирии доимӣ ва ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки миёни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқотҳои мунтазами корӣ баргузор мешаванд, ки ба беҳтар гардидани фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод – Ойбек» ва коҳиши вақти анҷоми расмиёти гумрукӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки татбиқи низоми «Як таваққуфгоҳ» (One Stop Border Post), рақамикунонии низоми гумрукӣ ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотии ASYCUDA аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳа ба ҳисоб мераванд.
Сипас, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, пешбурди лоиҳаҳои таҷдиди гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷалби маблағгузории минтақавӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори гумрукӣ таъкид намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ДАРЁФТИ 176 КИЛО ГӮШТИ БЕДОНАИ БА ТАЛАБОТИ БЕХАТАРӢ ҶАВОБГӮНАБУДА
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 15-уми июли соли 2026 дар таваққуфгоҳи назди фабрикаи «Ширин», воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «Mercedes-Benz» бо рақами қайди давлатии 46 66 НН 02 боздошт шуд.
Тавре зимни санҷиш муайян гардид, аз бордони воситаи нақлиёти мазкур 176 килограмм гӯшти бедона ошкор карда шуд. Баъдан, маълум гардид, ки маҳсулоти мазкур ба сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Почоев Фирдавс Абдумаликович (соли таваллудаш 1994) тааллуқ дошта, ӯ онро бо мақсади ба ихтиёри шахси дигар гузоштан аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.
Тибқи хулосаи бахши назорати байторӣ ва фитосанитарӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар таркиби маҳсулоти мазкур бактерияҳои бемориовар, аз ҷумла стафилококи тиллоранг, ошкор гардида, муомилот ва фурӯши он манъ мебошад.
Бино ба талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», маҳсулоти хӯрокворие, ки ба саломатии инсон зарар расонда ё барои истеъмол номувофиқ мебошад, хатарнок ҳисобида шуда, муомилот ва фурӯши он манъ аст.
Бо назардошти далелҳои ҷамъоваришуда, прокуратураи шаҳри Душанбе нисбат ба Почоев Фирдавс Абдумаликович бо аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи қисми 1 моддаи 209 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Парвандаи ҷиноятӣ барои гузарондани тафтиши пешакӣ ба шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
