ҶОИЗАИ ИФТИХОР ВА ЭЪТИБОР

10 август 2026, Душанбе
1


(Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб)
Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи арҷгузорӣ ба хидматҳои ин фарзанди баруманди миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ таъсис ёфт, ибтикори муҳим дар масири мусоидат ба рушди илми тиб дар Тоҷикистон ва саросари олам маҳсуб меёбад. Ин Ҷоиза, дар канори ин ки барои шинохти ҳарчи бештари манзалати маънавӣ ва касбии Ибни Сино дар ҷодаи табобат ва таъмини саломатии инсоният шароит фароҳам меоварад, дигарбора собит месозад, ки миллати тоҷик дар таҳкими низоми илми ҷаҳонӣ, бавижа улуми табиатшиносӣ, тиб ва дақиқ, саҳми бузург гузоштааст.
Махсусан, аз он ки соҳаи тибби ҷаҳонӣ маҷмуи дастовардҳои хешро ба номи шайхурраис Абуалӣ ибни Сино нисбат медиҳад, ин шарафи бузург мояи ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми тоҷик ва меросбарони пири табибони олам ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ин Ҷоиза ҳам ифтихори миллати тоҷик аст ва ҳам эътибори ҷаҳонии илми тоҷикону Тоҷикистон.
Аз рӯзгори Ибни Сино то айёми мо равшану маълум аст, ки Абуалӣ ибни Сино бунёди назарии соҳаи тибро тавассути таълифи асарҳое чун “Қонуни тиб”, “Китоб-уш-шифо” ва монанди ин истеҳком бахшид, ки онҳо асос барои тадриси улуми табиатшиносӣ ва тиб дар марказҳои илмию донишгоҳҳои Аврупо ва татбиқи назариёти илмии Ибни Сино ва дигар донишмандони ин ришта дар амалияи табобат гардид. Дар тасдиқи ин нукта донишманди олмонӣ Макс Майерҳов фармудааст: ““Қонун”-и Ибни Сино то асри XVII дар донишгоҳҳои Аврупо китоби асосии омӯзиши тиб буд». Рамзи ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки олими тавонои дигари олмонӣ Бурхард Брентес бо шинохти хидматҳои бузурги ин фарзанди миллати мо таъкид доштааст: «Тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тули ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд».
Дар ҳақиқат, махсусан дар замони истиқлоли давлатӣ аз баракати ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат ҷиҳати тақдир аз заҳмату хадамоти ин фарзанди арҷманди халқи тоҷик тадбирҳои муҳим аз сар гирифта шуданд. Ноҳияе дар маркази шаҳри Душанбе номи Абуалӣ ибни Синоро гирифта, тасвири ин абармарди миллат дар пули коғазии миллии бист сомонӣ ҷой пайдо кард. Чандин муассисаҳои тиббии тозатаъсиси ғайридавлатӣ низ номҳоеро ба худ гирифтанд, ки пайванд ба номи Сино доранд. Дар тақвими ҷашну идҳои миллии тоҷикӣ 18-уми август ҳамчун зодрӯзи ин абармарди бузурги таърихи миллат ворид гардида, ҳамасола баробар ба ин, Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил карда мешавад.
Ҳарчанд тарҷума ва нашри осори комили Ибни Сино аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта шуруъ шуд ва таъсисёбии Маркази синошиносӣ ин равандро суръат бахшид, аммо муҳимтарин падидае, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар муносибат ба Ибни Сино ба анҷом расид, ба сурати комил ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидани асари маъруф ва муътабари “Ал-Қонун-фи-т-тиб” мебошад. Тарҷума бо номи “Қонуни тиб” дар ҳаҷми 1536 сафҳа анҷом ёфта, ба қалами донишманди соҳибноми кишвар Саиднуриддин Шаҳобиддинов тааллуқ дорад. Яке аз зарфиятҳои муҳими ин асар дорои ҷанбаи қавии миллии дарунмояи он аст, ки мутарҷими муҳтарам ин вижагиро бисёр муҳим ва қобили таваҷҷуҳ тавзеҳ медиҳад: “Фалсафаи Юнон, асосан, баъд аз ислом ва ба воситаи забони арабӣ паҳн шуда, дар миёни мардумони мо ривоҷ ёфт. Аз ин рӯ, он ҳодисаи бесобиқа буда, ҳанӯз дар замони Ибни Сино ҳам аломати юнонӣ ва бегонагии худро маҳфуз медошт. Вале тибби Юнон қабл аз ислом ба тавассути ҷаҳду кӯшишҳои фарҳангистони Ҷунди Шопур ва ба иллати қавӣ будани анъанаҳои тибби маҳаллӣ омезиш ёфта, ҳазм шуд ва дар миёни мардумони мо кайҳо боз ба сурати як тибби асили қавмӣ даромада буд. Ба ҳамин сабаб, агар мо дар осори фалсафии Ибни Сино бисёр ба нудрат ба муарработи форсӣ дучор мешуда бошем, дар «Ал-Қонун» муарработи форсӣ ба дараҷаи муарработи юнонӣ мерасад, албатта, бо назардошти он, ки бисёр калимаҳои юнонӣ низ аз тариқи забони форсӣ муарраб шудаанд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки забони форсӣ дар тиб барои забони арабӣ яке аз манбаъҳои асосии истилоҳсозӣ ба шумор меравад ва ҳатто баъзе калимаҳои забони мо дар адабиёти хаттӣ танҳо ба шакли муарраб ва истилоҳӣ боқӣ мондаанд”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ҷанбаи муҳими забонии осори фалсафии Ибни Синоро дар мисоли “Донишномаи Алоӣ” бо такя бар андешаҳои ховаршиноси маъруф Анри Массе дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” шарҳу баён доштаанд: “Гуфтан бамаврид аст, ки дар бобати назарияи истилоҳсозии Ибни Сино ба забони тоҷикӣ (форсӣ) дар заминаи «Донишномаи Алоӣ» чандин таҳқиқоти ҷолиб ба миён омадааст, аз ҷумла синошиноси маъруф Анри Массе дар мақолаи ба ҳамин мавзуъ бахшидааш ба нуктаҳои асосии зерин ишора мекунад:
1. Ибни Сино хостааст бо имконот ва абзорҳое, ки забони тоҷикӣ дар ихтиёраш гузошта буд, «Донишнома»-ро бинависад;
2. Ӯ дар навиштан ба забони модарии хеш забардаст аст ва арабидонии ӯ дар насри тоҷикиаш таъсир надорад;
3. Аз ин китоб маълум мешавад, ки забони фалсафии тоҷикӣ тавоноиҳои бепоёне дорад;
4. Бисёре аз истилоҳоти тоҷикии ӯ аз муодили арабиашон рӯшантаранд (масалан: «бурҳони чароӣ» ба ҷойи «бурҳони нима»);
5. Вай ғолибан муодили арабии истилоҳоти тоҷикии худро овардааст;
6. Бархе аз истилоҳоти тоҷикӣ (форсӣ) бо истилоҳи арабӣ баробар нестанд (масалан: «андар расидан» ба ҷойи «тасаввур»);
Ҳамчунин, Анри Массе дар масъалаи нисбат додани он ки ҳамаи ин истилоҳоти тоҷикӣ сохтаи завқи худи Ибни Синост, эҳтиёткор аст ва таъкид мекунад, ки пеш аз забони илм шудани арабӣ забони фалсафии паҳлавӣ ривоҷ дошт ва медонем, ки нахустин китоби мантиқ аз ҳамин забон ба арабӣ тарҷума шуд”.
Бо такя бар чунин рисолати бузурги забони осори тоҷикӣ ва арабии Ибни Сино метавонем бар ин нукта умед ҳам бубандем, ки дар раванди таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб раванди пажӯҳиши истилоҳоти тиббии тоҷикии осори дар ин бахш таълифнамудаи ӯ, бахусус асари панҷҷилдаи “Қонуни тиб”, таҳқиқу тавзеҳ ва дар заминаи он фарҳангномаи ҷадиди истилоҳоти тиббӣ ба вуҷуд хоҳад омад.
Агарчи ҳанӯз соли 1967 дар худи Тоҷикистон Ҷоизаи миллии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ҷодаи илм таъсис ёфта буд, ки хидматҳои донишмандону олимони тамоми риштаҳоро тақдир менамуд ва барандагони ин Ҷоиза ҳамеша аз соҳибияти он парчами тафохур меафрохтанд, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб баробари тақдир аз ин хидматҳои бузурги нобиғаи миллати мо барои рушди илми тибби ҷаҳонӣ ҷоизаи ифтихор ва эътибори миллати мо дар ақсои ҷаҳонӣ чун миллати тамаддунсоз, илмпарвар ва кашшофи дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филология, профессор,
директори Институти илмӣ-тадқиқотии
илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Санаи нашр: 07.08.2026 №: 155