МАШВАРАТИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХӢ, СИЁСӢ ВА ТИҶОРАТӢ
![]()
Тоҷикистон солҳои охир ба яке аз марказҳои муҳими дипломатияи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфта, сиёсати хориҷии худро ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими сулҳу субот, ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ равона кардааст. Асоси ин равандро сиёсати «дарҳои кушода», дипломатияи сулҳ ва эҳтироми мутақобилаи давлатҳо ташкил медиҳад. Ин равиш барои таҳкими эътимод миёни кишварҳои ҳамсоя, таъмини амнияти минтақавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди устувори минтақа аҳамияти калидӣ дорад.
Машварати роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои минтақавӣ аз якчанд сатҳи ниҳодӣ иборат буда, барои таъмини ҳамоҳангии фаъолияти давлатҳои иштирокчӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ хидмат менамояд. Сохтори он аз унсурҳои сатҳи роҳбарони давлатҳо, сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, коршиносон, ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҷаласаҳои соҳавӣ иборат мебошад.
Аввалин вохӯрии роҳбарони давлатҳои минтақа моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Остона баргузор шуд. Аҳамияти таърихии ин мулоқот, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он нахустин вохӯрии роҳбарони давлатҳои минтақа пас аз танаффуси тақрибан даҳсола ва бидуни иштироки намояндагони давлатҳо ё созмонҳои хориҷӣ сурат гирифт. Ин рӯйдод оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои мустақили дохилиминтақавӣ ва таҳкими эътимоди сиёсӣ байни кишварҳои Осиёи Марказиро ифода намуд.
Дар вохӯрии дуюм, ки моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд доир гашт, низомномаи вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул карда шуд. Ин санад асосҳои институтсионалӣ ва тартиби фаъолияти машваратиро муайян намуда, баргузории мунтазами ҷаласаҳои роҳбарони давлатҳо, вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои кории коршиносонро ба низом даровард.
Марҳалаи навбатии рушди ҳамкориҳои минтақавӣ бо баргузории вохӯрии сеюм 6-уми августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон алоқаманд аст. Дар ин ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавӣ суханронӣ карданд. Роҳбарони давлатҳо аҳамияти вохӯрии машваратиро ҳамчун механизми муҳими таҳкими ҳамгироии минтақавӣ таъкид намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ як қатор санадҳои муштарак қабул гардиданд, ки ба густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳои минтақа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Марҳалаи минбаъдаи рушди вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳамкориҳои минтақавӣ тавсиф мешавад. Дар ҷаласаи чорум, ки моҳи июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, сарварони давлатҳо шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI-ро ба имзо расонданд. Қабули ин санади бунёдӣ дар ташаккули заминаи меъёриии ҳуқуқии ҳамгироии минтақавӣ аҳамияти муҳим дошта, принсипҳои асосии ҳамкорӣ, таҳкими эътимоди мутақобила, ҳифзи сулҳу субот ва рушди устувори минтақаро муайян намуд.
Қадами муҳими дигари ниҳодсозии ин формат таъсиси шурои ҳамоҳангсозони миллӣ дар соли 2023 гардид. Ташкили ин ниҳод ба баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, татбиқи қарорҳои қабулшуда ва омодасозии рӯзномаи ҷаласаҳои навбатии машваратӣ мусоидат намуд.
Марҳалаи дигари муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ баргузории вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе буд. Ин ҳамоиш таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, масъалаҳои калидии ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ кард.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ як қатор санадҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти заминӣ, Созишнома дар бораи самтҳои умумии сиёсати давлатии ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул ва ба имзо расиданд.
Нишонаи равшани таҳкими эътимод ва ҳамбастагии минтақавӣ таъсиси «Нишони фахрии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» мебошад. Тибқи қарори муштарак, нахустин дорандагони ин мукофоти олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (соли 2021), Президенти вақти Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов (соли 2023) ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев (соли 2024) гардиданд. Ин иқдом рамзи эътирофи саҳми шахсиятҳои давлатӣ дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва пешбурди рӯзномаи ҳамгироии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Хулоса, натиҷаҳои вохӯриҳои машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд, ки ин формат тадриҷан ба механизми муассири ҳамоҳангсозии сиёсати минтақавӣ ва татбиқи ташаббусҳои стратегии муштарак табдил ёфтааст. Қабули санадҳои барномавӣ, таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштарак аз ҷониби сарварони давлатҳо барои таъмини рушди устувор, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти минтақа ва таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ аҳамияти калидӣ доранд.
Тибқи маълумот, иқтидори истифоданашудаи тиҷоратӣ дар дохили Осиёи Марказӣ тақрибан 4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба тақрибан сеяки ҳаҷми ҷории тиҷорати мутақобила баробар аст. Кам кардани монеаҳои тиҷоратӣ ва рушди пайвастагии нақлиётӣ метавонад ҳамгироии иқтисодии минтақаро ба таври назаррас суръат бахшад.
Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун яке аз иштирокчии фаъоли ҳамгироии минтақавӣ бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда ва мавқеи пайгирона дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақа саҳми назаррас мегузорад.
Соҳиби БАҲРУЛЛО,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
