ШОМИ ШАНБЕ
![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КАЛИДКАЛИМА
Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз ҳар як калима вожаи наве бисозед.
Масалан: НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
ҶАВОБ БА КАЛИДКАЛИМА АЗ 31-УМИ ИЮЛ №150 (25 517):
1. Фарзанддӯстдор 2. Гавҳарношинос 3. Устуворқадам 4. Пиёлагардон
5. Саодатпартав 6. Баландоҳанг 7. Самандартинат 8. Саломатбаҳр
9. Даридадаҳан 10. Обгинагуҳар
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 935 35 51 50
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ПОДОШИ ЯК АМАЛ
Қариб ҳафт сол Мелина Салазар ба Уолтер "Бак" Свордси 89-сола дар қаҳвахонаи Luby's дар Браунсвилли Техас хизмат расонд. Свордс собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ба гуфтаи атрофиёнаш, яке аз муштариёни бисёр нозук дар қаҳвахона буд. Бинобар ин, аксари пешхизматҳо аз хизмат ба ӯ саркашӣ мекарданд, аммо Мелина ҳар рӯз ӯро бо табассум пешвоз мегирифт ва бо меҳрубонӣ гусел мекард. Тобистони соли 2007 вақте ин муштарии “инҷиқ” аз олам даргузашт, дороии худ – 50 000 доллари нақд ва мошини тамғаи “Buick”-ашро ба Мелина мерос гузошт.
Уолтер дар номаи вопасинаш ба Мелина навиштааст: «Шумо ба як пирамард эҳсоси инсонӣ додед, солҳои охир ҳеҷ кас аҳволи маро напурсидааст, аммо шумо ҳар рӯз мепурсидед…».
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ПИРПАДАРҲО
Ба гумони ғолиб Ал Пачино ва Роберт де Ниро ба муаррифӣ ниёз надоранд, бахусус барои мухлисони «Шоми шанбе»-и «Ҷумҳурият». Аксарият ин ду ситораи нотакрори синаморо хуб мешиносанд ва ҳам медонанд, ки ҳар ду ҷоизадорони «Оскар», «Глобуси тиллоӣ» ва «Эмми» мебошанд. Ҳатто ду карат ба олитарин Ҷоизаи синамо – «Оскар» сазовор гардидани Роберт де Ниро дигар барои касе асрор нест. Аз дӯстии камназири ин ду шахсияти таърихсоз низ ҳама огоҳанд. Вале ба андешаи инҷониб, кам касоне медонанд, ки Ал Пачино ва Роберт де Ниро як умумияти фавқулодаи аҷиби дигар низ доранд. Аниқтараш ҳар ду аз пирпадарон ё ба ибораи дигар аз мардҳое маҳсуб меёбанд, ки дар сари пирӣ соҳиби фарзанд шудаанд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки Роберт де Ниро дар 79 ва Ал Пачино дар 83-солагӣ аз нав соҳиби фарзанд шудаанд.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ОЁ МЕДОНЕД?
ДОНИСТАН ХУБ АСТ
Шумо, агар аккаунти Facebook надошта бошед ҳам, Facebook дар бораи шумо «профили сояафкан» дорад, ки маълумотро аз тамоми интернет (мувофиқ будани синну сол, ном, макон, манфиатҳо ва ғайра) ҷамъоварӣ мекунад, то ки дар бораи шахсияти шумо маълумот пайдо намояд. Вақте аккаунти нав месозед, онҳо, аллакай, ҳамаи маълумотро дар бораи шумо медонанд.
Ҳатто баъзан бо касоне, ки салому алейк мекунед, чанд лаҳза баъд мебинед, ки Facebook барои дӯст шудан онҳоро барои шумо пешниҳод мекунад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ОСТИН ВА ҚАҲРАМОНИИ Ӯ
Дар наздикии соҳили ғарбии Австралия, Остин Аппелбии 13-сола модар, бародар ва хоҳарашро қаҳрамонона аз ғарқ-шавӣ наҷот дод. Ин ҳодиса замоне рух дод, ки аҳли оилаи Остин бо тахтаҳои махсус (stand-up paddleboards) ва қаиқ ба шиноварӣ машғул буданд ва шамоли сахту мавҷҳои пуртуғён беихтиёр онҳоро ба самти баҳри кушод мебурд.
Дар чунин шароити ҳассос онҳо Остинро ба ёрӣ хонданд. Остин бидуни қаиқ ё либоси махсус дар оби сарду мавҷнок тақрибан 4 километр ба самти аъзои оила шино кард, вале ба онҳо наздик шуда натавонист. Остини хаставу сармозада илоҷи корро дар даъвати наҷотбахшон дида, худро бо душворӣ ба соҳил расонда, ду километр то назди телефони ҷамъиятӣ давид ва бо полис дар тамос шуд. Ҳамин талоши ӯ боис гардид, ки наҷотбахшон ба ёрии дармондагон шитофта, онҳоро аз баҳр берун оварданд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки санги асоси он 7-уми августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе гузошта шудааст ба яке аз бузургтарин марказҳои илмӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфтааст. Дар Осорхона ҳазорҳо нигораҳои нодири таърихӣ, аз ҷумла бозёфтҳои Саразм, Панҷакенти Қадим ва Тахти Сангин, нигоҳдорӣ мешаванд.
Бинои он зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дошта, дорои 22 толори намоишӣ аст. Дар он чор бахши асосӣ фаъолият мекунад: табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КӢ БОЯД БУД, ДУХОН Ё ПАНҶХОН?
Аз хотираҳои Михаил Жванетский аст, ки мегӯяд:
– Дар вохӯрии ҳамкурсон, ки баъд аз сӣ соли хатми донишгоҳ гузашт, дидам, ки кадоме аз ҳамсабақонам чӣ гуна хонданду ба чи муваффақ шуданд. Онҳое, ки танҳо баҳои 2 доштанд, соҳиби ду чиз шуданд: хона ва мошин; сехонҳо соҳиби се чиз: хона, мошин ва бӯстонсаро. Панҷхонҳоро дидам, ки панҷ чиз доранд: айнак, қарз, сари бемӯй, ташвиши рӯзгор ва ҳамон медали тилло аз оҳани зарҳалӣ.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ДУ ПАҲЛУИ ЯК ТАРОЗУ
Як бонкдори сархуш бо киноя аз Марк Твени машҳур мепурсад:
– Чаро шумо ин қадар ақли зиёд дореду то ин ҳад сарвати кам?
– Медонед, табиат худаш ҳамаро танзим мекунад,– мегӯяд Твен. – Барои мисол, шумо сарвати ниҳоят зиёд дореду ақли бениҳоят кам. Яъне, дар маҷмуъ, мову шумо ду паҳлуи як тарозуем.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
Аввалин киштии бо гидроген ҳаракаткунанда ба сафар мебарояд
Ин электрокатамаран аввалин киштии бо гидроген ҳаракаткунанда дар ҷаҳон аст. Он аз Париж ба сафари атрофи ҷаҳон меравад. Ҳадаф нишон додани он аст, ки нақлиёти баҳрӣ низ метавонад барои муҳити зист бехатар бошад.
Муаллифи лоиҳа афсари собиқи флоти баҳрии Фаронса Викторен Эруссар буда, дар тули панҷ сол даҳҳо мутахассисон барои муҷаҳҳаз кардани ин киштӣ кор карданд. Экипажи киштӣ ҳангоми сафар 50 кишвари оламро давр мезанад ва дар зиёда аз 100 истгоҳ таваққуф хоҳад кард.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
4 ДИЛГИРКУНАНДАТАРИН БОЗИИ НИҲОИИ ҶОМИ ҶАҲОН
Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон 2026 байни мунтахабҳои Испания ва Аргентина ба рӯйхати дилгиркунандатарин бозиҳои финалӣ ворид шуд. Ҳар ду тим бозии эҳтиёткорона нишон медоданд. Дар бозии ҳалкунанда аргентиниҳо дар вақти асосӣ ягон зарбаи рост ҷониби дарвозаи Испания назаданд, ки ин антирекорди ин мусобиқаи бонуфуз ба ҳисоб меравад. Ҳатто дар 15 дақиқаи аввали бозӣ танҳо як бор тӯб ба пойи футболбози машҳури ҷаҳон Лионел Месси расидааст, ин ҳам бошад, ҳангоми аз байни майдон тӯбро ба бозӣ даровардан.
Испаниҳо танҳо ба шарофати зарбаи дақиқи Ферран Торрес дар дақиқаи 106-ум пирӯзӣ ба даст оварданд.
Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ
50,13 МИЛЛИОН ДОЛЛАР НАРХИ БУЗУРГТАРИН ТИРАННОЗАВР
Скелети яке аз бузургтарин тираннозаврҳои то кунун кашфшуда дар музоядаи Sotheby's бо нархи рекордии 50,13 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд.
Скелет 11,5 метр дарозӣ ва 3,8 метр баландӣ дошта, ба номи чорводори марҳуми Дакотаи Ҷанубӣ (ИМА) Гас, ки дар заминаш кофтуков гузаронданд, номгузорӣ шудааст. Бозёфтҳо тақрибан 67 миллион сол доранд. Скелет тақрибан 61 дарсади бадани тираннозаврро ташкил медиҳад. Косахонаи сар 82 дарсад боқӣ мондааст. Нишонаҳои газидан ва шикастагиҳое, ки дар тули ҳаёт шифо ёфтаанд, дар устухонҳо намоёнанд.
Рекорди қаблӣ ба скелети стегозавр бо номи Apex тааллуқ дошт, ки онро миллиардор Кен Гриффин дар соли 2024 ба маблағи 44,6 миллион доллар харида буд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ЗАНУ МАРД
Сэнди Аллени амрикоӣ, ки қаблан қадбаландтарин зани ҷаҳон буд (1955 – 2008; қадаш: 2,31м), ҳеҷ гоҳ издивоҷ накардааст. Бо сабаби он ки ӯ либосҳои куҳнамӯд мепӯшид ва барои худ қоидаи қатъӣ муқаррар намуда буд: бо марди аз худаш пастқад робита барқарор намекунад, то охири умр бешавҳар монд.
* * *
Соли 2021 Александр Кудлай ва Виктория Пустовитова барои наҷоти муносибатҳои худ дастони якдигарро бо завлона ба ҳам бастанд. Ҳамин ки завлонаҳоро кушоданд, онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.
* * *
Ҷудо шудан аз шахси наздик ба бадан фишори шадиди равонӣ ва ҷисмонӣ мерасонад. Ҳаракати рӯдаҳо суст ва раванди ҳазми ғизо хеле тулонӣ мешавад, бо ҳамин сабаб, афроде, ки аз ҷудоӣ ғамгинанд, аксаран иштиҳои худро аз даст медиҳанд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
ЯКДОЛЛАРӢ БО АКСИ ТРАМП
Сиккахонаи ИМА тангаи тиллоии нави 1-доллараро бо акси Президенти ИМА Доналд Трамп ба фурӯш мебарорад.
Тавре “Report” хабар медиҳад, вазири хазинадории ИМА Скотт Бессент дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард.
"Ҳангоме ки Амрико 250-солагии истиқлолашро ҷашн мегирад, сиккахона ба баровардани тангаи тиллоии нави 1-доллара, ки мероси пойдори озодӣ ва рамзи абадии ватандӯстист, шуруъ мекунад. Бо акси Президент Трамп", – гуфтааст ӯ.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ҲАШТПО 9 МАҒЗ ДОРАД
Ҳаштпо се дил ва нуҳ мағз дорад. Як мағзи асосӣ дар сараш ҷойгир аст, ҳамчунин, ҳар яке аз 8 пойи он мағзи хурди худро дорад. Ин ба пойҳо имкон медиҳад, ки новобаста аз мағзи асосӣ, худашон мустақил ҳаракат ва қарор қабул кунанд.
Таҳияи Ҷӯрабег НЕГМАТОВ
САРВАТИ ҶОВИДОНӢ
Устоде барои қонеъ кардани шогирдаш ба омӯхтани илму дониш, ба ӯ тухми дарахт дод.
Шогирд гуфт:
— Ин тухми хурд чӣ фоида дорад?
Устод ҷавоб дод:
— Онро, ки киштӣ, калон мешавад ва самар медиҳад. Дониш низ чунин аст. Имрӯз хурд менамояд, аммо агар онро парвариш кунӣ, фардо сояи он ту ва дигаронро баҳраманд месозад.
Илм ҳар қадар бештар омӯхта шавад, ҳамон қадар меваи бештар медиҳад.
Ҳикмат: Илму дониш сарвати ҷовидонист, онро на дузд мебарад, на оташ месӯзонад ва на замон куҳна мекунад.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ ПАС АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУДАНД
2. ПЕТР ЧЕХ
Дарвозабони машҳури “Челси” ва “Арсенал” акнун ҳоккей бозӣ мекунад.
Петр Чех 10-сола буд, ки ба клуби футболи “Виктория” қабул гашт. Баъдан, дар дастаҳои “Хмел”, “Спарта”, “Ренн”, “Челси” ва “Арсенал” дарвозабони асосӣ буд. Дар ҳайати тими миллии Чехия 124 бозӣ гузарондааст. Ӯ дар чор чемпионати Аврупо (2004, 2008, 2012, 2016) ва як чемпионати ҷаҳон (2006) дарвозабони асосии дастаи мунтахаб буд.
Чех 9-уми октябри соли 2019 бо дастаи «Гилфорд Феникс», ки дар дивизияи 2-юми Лигаи миллии ҳоккейи Британия баромад менамуд, ҳамчун дарвозабон шартнома баст. Ноябри соли 2022 ба дастаи “Челмсфорд Чифтенс”, ки дар дивизияи 1-ум бозӣ мекард, гузашт. Июни соли 2023 бо «Оксфорд Сити Старз», ноябри ҳамон сол бо «Белфаст Ҷайантс», аз Лигаи олии Британия, шартнома баст.
28-уми ноябри соли 2025 Чех дигарбора ба дивизияи дуюм, клуби ҳоккейи «Харингей Хаскис» гузашт.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ
1. Бино ба маълумоти ситорашиносон, ҳар сол Офтоб 360 миллион тонна вазнашро гум мекунад.
2. Солҳои 1811 ва 1812 се зилзилаи тақрибан 8-балла боиси он гардид, ки дарёи Миссисипи (Амрикои Шимолӣ) ҷараёнашро куллан тағйир диҳад.
3. Пойтахти Британияи Кабир – шаҳри Лондон, то номи имрӯзаи худро гирифтан, се номи дигар дошт: Лондониум, Люденвик ва Люденбург.
4. Ҷанг байни Нидерланд ва ҷазираи Ситсилия (Сардиния) 335 сол (1651 – 1986) тул кашид ва аҷибаш он ки, бе муҳориба (!).
Таҳияи Ш. ШОКИР
