БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

10 август 2026, Душанбе
12


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЭҲЁГАРИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ МИЛЛӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои эҳёи таъриху фарҳанг, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик корҳои ниҳоят зиёду чашмрасро ба анҷом расонда, миллати тоҷикро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мардуми соҳибфарҳанг ва маърифатпарвар пайваста муаррифӣ намудаанд. Ҳамзамон, ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҳар як миллат бояд таъриху анъанаҳои худро эҳтиром намояд ва онҳоро бо ифтихор ба наслҳои оянда ба мерос гузорад, зеро ҳеҷ миллате бе донистан, омӯхтан ва фаро гирифтани арзишҳои маънавию ахлоқии гузашта ва хотираи таърихии худ наметавонад рушд кунад.
Маҳз бо назардошти ин нукта, Сарвари давлат ба гузаштаи халқи куҳанбунёду соҳибтамаддуни худ рӯй оварда, эҳёи онро як омили муҳими ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа қарор додаанд. Ин аст, ки дар асари худ – «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ин бора чунин гуфтаанд: «Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?».
Муаллиф дар асари мазкур маълумоти замони гузаштаро, аз қабили инъикоси тарзи зиндагии аҷдоди тоҷикон ва расму анъанаҳои қадимаи гузаштагони мо, зикр намуда, ҳамчунин, андешаҳои худро доир ба саргузашти миллати тоҷик ва таҳлили сабақҳоеро, ки таърих дар хештан ниҳон дорад, пешниҳоди хонанда гардондаанд. Ба хулосаи Президенти мамлакат, бесаводӣ ва буҳрони маънавӣ ҷомеа ва давлатро ҳатман ба буҳрони иқтисодӣ расондаву пайомадҳои ногуворро дар пай хоҳанд дошт. Бинобар ин, ҳар як соҳибватан бояд донад, ки мо, аслан кистем, решаҳоямон аз куҷост ва сарчашмаи бузургии мардуми тоҷик дар чист, зеро донистани ин ҳама маълумот боиси бедориву худогоҳии миллӣ ва рушду пешравии ҷомеаву давлат хоҳад гашт.
Воқеан, таҳти ҳидоят ва роҳнамоии Сарвари давлат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ бамаротиб боло рафта истодааст, зеро Ҳукумати мамлакат пайваста ба рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси барномаҳои зиёди гуногунсамт ва талошҳои пайгирона ҷиҳати эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва густариши забони давлатӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор мераванд, ки ин раванд ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки зинда гардондани номи бузургон, таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 5500-солагии Саразми бостонӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва монанди инҳо аз ҷумлаи корҳои мондагори Пешвои миллат маҳсуб меёбанд, ки ҷиҳати баланд шудани маънавиёти сокинон мусоидат намуданд.
То имрӯз рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис дода шудааст, 509 номгӯйи урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллиро аз 122 кишвари дунё дар бар мегирад. Хушбахтона, ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2003), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (соли 2016) ва “Чакан” (соли 2018), инчунин, бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат аз дастовардҳои давлату халқи тоҷик дар роҳи эҳё ва рушди расму оин ва ҳунарҳои мардумии қадимаи ниёгонамон маҳсуб меёбад.
Мо аминем, ки эҳёи расму оин, ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи тамаддуни ориёӣ ва арҷ гузоштан ба ҷашнҳои милливу қадимаи фаромӯшгашта барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард. Дар маҷмуъ, ин ҳама хидматҳои бепоёну ҷонфидоиҳои Сарвари давлат буд, ки мо ба ин рӯзҳо расидем. Бошад, ки мардуми шарифи кишвар низ дар навбати худ, ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории ин комёбиҳои бадастомада саҳми худро гузоранд.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.08.2026 №: 156