БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

10 август 2026, Душанбе
10


ВАТАН

Ватан, сулҳ, осоиш...
Яъне бештари шабҳо
Фаромӯш мекунӣ
Қулф занӣ
Дарвозаи ҳавлиро.


САДОҚАТ БА БОВАР


Ватан хандаи беғаму ғаши тифлон аст
Печида ба бозӣ.
Нағмаи наврасест, ки медавад,
аз паси бодбарак бехаёли фардо
ва лаҳзашумориҳои Маҷнуни деҳ, дар сари девор,
ки чашмак мезанад духтари ҳамсояи моро.


Ватан дасти дуои модарам,
салобати падар
ва лабрези меҳрубониҳои падарбузургам.


Ватан сӯзанест, ки бибиям гул медӯзад ёди ҷавониҳои худро
ва ҳашамати “Роғун” дар дили кӯҳ.


Ватан чашмони бехоби Рустами замон аст дар марз,
ки посбонӣ мекунад хоби бароҳати моро
ва бовар дорад,
Ватан, яъне ҷунбиши гаҳвора дар набзи зиндагӣ
ва садои сулҳ дар танини зангӯлаи мактаб.
Ва резиши Хуршед аз шар-шари осмон!
Ватан, яъне осоиш дар ин марзу бум!
Ватан имон аст, виҷдон аст...
ва садоқаташ ба ин бовар
ба андозаест, ки сарҳад надорад!


Сурайё ҲАСАНСУЛТОН,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Санаи нашр: 10.08.2026 №: 156