ХУРОСОН. САРМОЯГУЗОРӢ БА МАОРИФ САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ КИШВАР АСТ!

10 август 2026, Душанбе
10

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ бо суръати баланд идома дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон иқдомҳои назаррас амалӣ мегарданд.



Яке аз чунин иншоот бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар деҳаи Бандари деҳоти Сурхқалъа мебошад. Бино аз сенздаҳ синфхона иборат буда, барои 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ бо маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Ҳамчунин, дар деҳоти Фахробод сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №34, №35 ва №36 бомаром идома дорад. Дар деҳаи Коху бинои иловагии МТМУ №34 бо дувоздаҳ синфхона ва дорои 576 ҷойи нишаст сохта мешавад. Барои татбиқи лоиҳа беш аз 1,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ анҷом меёбанд. Бо ба истифода додани ин бино мушкили чандсолаи норасоии синфхонаҳо дар Муассиса бартараф хоҳад шуд. Дар деҳаи Аёнчашма бошад, бинои нави дуошёнаи МТМУ №35 бо шонздаҳ синфхона эъмор мегардад. Он барои 768 хонанда пешбинӣ гардида, бо маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби сокинони маҳал ва шахсони саховатпеша сохта мешавад.

Бинои иловагии МТМУ №36 дар деҳаи Баҳористон низ аз ҷумлаи иншооти муҳими соҳаи маориф мебошад. Он аз ду ошёна ва ёздаҳ синфхона иборат буда, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони он бо маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби сокинони маҳал ва шахсони саховатпеша амалӣ мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, ҳамаи ин иншоот дар доираи нақшаи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсил ва фароҳам овардани муҳити муосири омӯзиш мусоидат хоҳанд кард.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.08.2026 №: 156