ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. ТАҒЙИРИ НИЗОМҲОИ ОЗУҚАВОРӢ ҶИҲАТИ ҒИЗОИ БЕҲТАР ДАР ТОҶИКИСТОН
Ҳукумати Тоҷикистон ва Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи муштараки роҳбарикунанда (КМР)-ро дар доираи барномаи муштараки «Тағйир додани низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар кардани ғизо дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди муштараки Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби ФАО, ЮНИСЕФ, БҶО ва ТҶТ амалӣ мегардад, баргузор намуданд.
Дар ҷаласа намояндагони сатҳи баланди Ҳукумат, агентиҳои СММ ва шарикони рушд ширкат варзида, пешрафти барномаро баррасӣ намуда, дастовардҳои асосии онро эътироф карданд ва самтҳои афзалиятнокро барои соли дуюм мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаласа, ки таҳти раёсати муовини аввали раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор гардид, уҳдадории муштараки шариконро барои тағйир додани низомҳои озуқавории кишвар барои беҳтар кардани ғизо, тақвияти амнияти озуқаворӣ ва суръат бахшидан ба пешрафт дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор барои то соли 2030 тасдиқ кард.
Маҳмуд Ширинҷонзода, муовини аввали раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон, аҳамияти тағйир додани низомҳои озуқавориро ҳамчун вазифаи муҳими Ҳукумат таъкид карда, афзуд: «Эҷоди низомҳои устувори озуқаворӣ ба як равиши ҳамаҷониба ниёз дорад. Барномаи муштарак ба мо дар таъсиси ин равиши ҳамкорӣ ва бунёди заминаи мустаҳкамтар барои сиёсатҳое, ки сифати ғизоро беҳтар менамоянд, амнияти озуқавориро тақвият мебахшанд ва рушди дарозмуддати кишварро дастгирӣ мекунанд, нигаронда шудааст».
Хонум Парвати Рамасвами аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тағйир додани низомҳои озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд изҳори қадрдонӣ намуд. Ӯ афзуд: «Тағйир додани низоми озуқаворӣ, пеш аз ҳама, ғамхорӣ ба одамонро дар назар дорад. Моро мебояд ба маърифатнокии аҳолӣ оид ба ғизо дар сатҳи ҷомеа сармоягузорӣ намоем. Духтарон, писарон, занон ва мардонро ба одатҳои истифодаи ғизои солим ҷалб созем, калонсолон ва роҳбарони ҷомеаҳоро ҳамчун пешбарони тарғиби ғизои солим сафарбар намоем, масъалаҳои ғизоро ба барномаҳои таълимии мактабҳо ворид созем ва аз технологияҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва устувор истифода барем».
Дар ҷараёни ҷаласа, аъзои Кумитаи муштараки роҳбарикунанда раванди татбиқи барномаро баррасӣ намуда, пешрафтро нисбат ба натиҷаҳои пешбинишуда арзёбӣ карданд ва тавсияҳои стратегии худро барои таҳкими ҳамоҳангсозии бисёрсоҳавӣ, ҳалли мушкилоти бамиёномада ва таъмини мутобиқати минбаъдаи барнома бо афзалиятҳои миллии рушд мувофиқа намуданд.
Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» аз ҷониби Фонди муштараки СММ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор маблағгузорӣ мешавад. Ин фонд механизми маблағгузории катализаторӣ мебошад, ки тадбирҳои ҳамгирошударо барои суръат бахшидани пешрафт дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дастгирӣ менамояд. Дар Тоҷикистон барнома аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид (БҶО) ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ (ТҶТ) дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Бунафша АЗИМОВА,
мутахассиси ФАО Тоҷикистон
